Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Онҳо, Азизмурод ва Шодимуроди муаллим, дар чопхона бо ҳарфчинҳо, нақшаи хомакии китоби хонишро медиданд.
– Дуруст, воқеаҳойи рӯзро менависанд, – тасдиқ кард Шодимурод. – Нағз ҳам менависанд. Лекин ҳамааш ба забони русӣ. Ба мардуми мо дастрас не. Шумо, беҳтараш, бо мо ҳамкорӣ кунед. Китобҳойи мо нусхаи хеле кам доранд. Лекин ба забони худамон. Даҳ-понздаҳ кас мехонад.
– Гапи шумо дуруст, вале ман таҷрибаи муаллимӣ надорам. Баъд, чизҳое, ки ман мехоҳам бинависам, барои бачаҳо нест.
– Барои бачаҳо нависед. Бачаҳо фардо мардак мешаванд. Имрӯз ёд гиранд, фардо ба кор меояд.
– Фардо ба роҳи худаш. Алҳол мавриде шудааст, ки аввал имрӯзро бубинем. Амиқтар бубинем, ки дар чӣ ҳолем, ба чӣ машғулем? Ҳоламон бад бошад, чӣ хел беҳ карда метавонем? Шуғламон бесамар бошад, кадом шуғл самар медиҳад? Ҳамин чизҳоро, ба фикри ман, донистану гуфтан лозим. Газетаҳойи русӣ ҳамин корҳоро мекунанд.
– Шумо ҳам кунед. Кӣ ва чӣ халал мерасонад?
– Касе ва чизе халал намерасонад. Лекин даруни сарам титу парешон ва тагу рӯ. Бо кадом роҳ рафтан даркор дақиқ маърифат карда наметавонам. Инаш ҳам мегӯяд, ки Осиёи Миёна торикистон буд, мо омадему равшанистон кардем.
Ба атроф менигарӣ, мебинӣ ки рост мегӯяд. Ваяш мегӯяд, ки Осиёи Миёна зери зулм буд, Русия ки омад, ин зулм дутарафа шуд. Менигариву мебинӣ, ки рост мегӯяд. Мо чӣ гӯем?
Тадбири мо чист?
– Инаш истилогар, сиёсати худашро мегузаронад. Ваяш хаёлпараст, баробарии ҳамаро мехоҳад. Ҳардуяш дар рӯзгори мо ба кор намеояд. Мо бояд муносиби рӯзгори худ кор карданро ёд гирем.
– Он кори муносиби ҳол кадом аст?
– Ба фаҳмиши ман, мардумро аз хоби ғафлат бедор кардан даркор. Бо роҳи шариат, бо зӯрии сиёсат ва бо роҳи мактаб, ба сару дилашон ҷо кардан даркор, ки Одам вуҷуди шарифест, ва рӯзгори бошарафонаро фақат худаш бо дасти худ метавонад таъмин намояд.

пешина
аз 435
навбатӣ