ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
надиҳед, ҳаққу ҳуқуқи худро шиносед, ва ҳаққатонро кашида гиред, зада гиред; ва коргарони зовуду фабрик корро мепартофтанд, ва асбобу анҷоми зовуду фабрикро мешикастанд, ва анбӯҳ шуда, байрақ бардошта, ба кӯчаҳо мебаромаданд:
– Рӯзи кор аз ҳашт соат зиёд набошад!
– Ҷойи кор бехатар ва озода бошад!
– Музди кор муносиби кор бошад!..
Ва крепостнойҳои бесоҳибу бекор, ба соҳибони собиқашон помешчикҳо дӯғ мезаданду таҳдид мекарданд, ки агар кору нону ҷойи хоб надиҳед, мо ҳавливу молу мулкатонро месӯзонем; ва дастёрони ҳукумати мутлақа крепостнойҳоро ғун оварда, тарафи Осиёи Миёна мефиристод, ки раванду хонаву дар кунанд, ва фардо, дар рӯзи мабодо, дастгиру такиягоҳ бошанд; ва алҳол дар вилоятҳойе, ки русҳо, аз надонистани таърих, Кишвари Туркистон ном додаанд, яксаду бисту чор маҳаллаи руснишин ба вуҷуд омадааст, ки ҳафтод ҳазор аҳолӣ дорад; ва дар паҳлӯи шаҳрҳойи куҳна шаҳрҳойи нав сохтанд, ки бошандагонаш аз худашон аст, ва ҷамъулҷамъ шумораашон аз дусад ҳазор бештар шудааст; ва гурезаҳо ва бадарғашудаҳо чӣ миқдоранд, касе ҳисобашро нагирифтааст, ва аскару казакҳо чӣ қадаранд, фақат худашон медонанд; ва ҳамайи инҳо ҷойталабу ҷоҳталаб ва ҳукмравою сарватҷӯ буданд, ва заминҳойи ҳосилхезро ғасб мекарданд, ва заминҳойи вақфро мегирифтанд, ва ҷӯйҳойи нав меканданд; ва ҷанҷолу хархаша сари замину сари об, аз сол ба сол, зиёдтару зиёдтар мешуд, ва андоз, бино ба қонун, даҳ фойизи ҳосил буд, вале бист фойизу чил фойиз меситониданд; ва шумораи безаминҳо ва бебизоатҳо ва гуруснаҳо меафзуд, ва қаҳру ғазаб дар хирмани дилҳо ғарам мешуд…
Ва Азизмурод дар андеша буд, ки бо кадом рӯзнома ҳамкорӣ бикунад – бо «Туркистанские ведомости», ё бо «Самарқанд»? Ҳардуяш ҳам моли русҳо буд, ҳардуяш ҳам ба забони русӣ нашр мешуд, ва ҳардуяш ҳам дар Осиёи Миёна як ҳодисаи нав буд, ки собиқа надошт. Ва дар ҳалқаи дӯстон аз ҳамин мавзӯъ гап кушод:
– Рости гапро гӯям, ба ман ҳардуяш ҳам маъқул. Ҳардуяш аз рӯзгори воқеӣ менависад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё