Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва ин рафтуомадҳо хеле зиёд шуд, ва ба Амир хеле хуш омад, ва боиси ифтихор донист, ва ҳар шому саҳар ба аҳли рикоб мегуфт:
– Одамони хубанд мардуми Петербург. Меҳрубон.
Қадри одамро медонанд. Мардуми мо барин не. Қадрношинос не. Иззату икром мекунанд моро.

8 Дидагиҳо пушаймон, надидагиҳо дар армон.
Ормони фозилони Бухоро ба салоҳ овардани низоми давлатдорӣ дар аморат буд, ва дар тарғиботашон низоми кори Русияро намуна нишон медоданд, ва даъват мекарданд, ки онҳо ҳам ба мисли мо одаманд, ва мо ҳам ба мисли онҳо одамем, пас чаро онҳо ину он корҳоро карда тавонистаанду мо карда наметавонистаем?! Ва ободихоҳони Бухоро, ки ба ҷаҳонгардӣ баромадаанд, хиёбонҳойи ороста ва меҳмонхонаҳойи перостаи Русияро дида ҳавасашон мерафт, ва ба хиёбонҳову меҳмонсароҳойи ватанашон муқойиса мекарданд, ва фарқҳо дар сифату маънӣ медиданд, ва алам мекашиданд, ва аз алам ончунон талх мегиристанд, ки аз гиря варам мекарданд. Ва рӯшанфикрони Бухоро ҷону мол ба қурбонӣ медоданд, ки мактабҳойи нав кушоянд, ва бачаҳо савод омӯзанду касб ёд гиранд, чунонки дар мактабҳойи Русия ҳаст. Ва таъқибдидагон ва ислоҳотхоҳон гурехта ба Самарқанду Тошканд мерафтанд ва табааи рус мешуданд, ва табааи рус аз ҷавру ситами аморат озод буд. Ва Бухоро зиндон буд барояшон ва қаламрави Русия гулистон менамуд дар назарашон.
Ва дар қаламрави Русия озодфикрон Русияро зиндони халқҳо, ва низоми давлатдориашро низоми ҷаллодӣ мегуфтанд; ва рӯзномаҳо мебароварданд, ва китобҳо менавиштанд, ва мухотабашон аҳли заҳмат буд ва ҳоли онҳоро, бо мисолҳо, ба худашон нишон медоданду мефаҳмонданд, ва даъват мекарданд, ки соҳиби ҳақиқии молу мулк шумоед, шумо ба ин ҳама беҳуқуқиҳо тан

пешина
аз 435
навбатӣ