Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва Қурбонмуроди муфтӣ, ки дар Каркӣ, дар Чирчиқ, дар Ӯш, дар Ҳирот, дар Балҷувон, дар Марғелон, дар Чуст, гуреза шуда мегашт, ва дар ҷойе имоми масҷид мешуд, ва дар маҳалле миробӣ мекард, ва дар деҳае мактаб мекушод, ва дар ноҳияе муфтӣ интихоб мекарданд; ҳангоми амри маъруф ва сӯҳбатҳойи меҳмонхона ва дар ҳалқаи ёру ошно, дар омади гап, гӯшзад мекард, ки «каромотҳойи Бибисоҷида ва сиёсати мулкдории Амир ҳар ду дар як пояанд ва ҳар ду аз як чашма об мехӯранд. Инаш ҳам ба фарти ифрот расидааст. Ваяш ҳам ба фарти ифрот расидааст. Инаш ҳам заҳри ҳалолил дар тану рӯҳ аст. Ваяш ҳам заҳри ҳалолил дар тану рӯҳ. Як хел зарар дорад ба дониш, ба биниш, ба фаҳмиш, ва ба ҳолати моливу маънавии давлат. Нусха ба асл баробар. Ҳар ду ҳам аломати касофат ва фалокат ва футурравист».
Ва дар соҳили дарёи Нева, дар пажӯҳишгоҳи мардумшиносии Миклухо Маклай, аз рафтор ва кирдори амирону хонҳойи Осиёи Миёна ҳар хел латифаҳо мегуфтанд, ва механдиданд, ки «наход дар рӯйи замин ҳамин хел одамони нодон бошанд?!», ва рӯзе, дар рӯзномае хабар хонданд, ки Амири Бухоро дар Петербург аст, ва дар Гостинний Двор зиндагӣ мекунад, ва кунҷковиашон боло гирифт, ва ҳар рӯз ду нафар-се нафар ба тамошойи дидори Амир мерафтанд, ки «афту андоми нодонҳо чӣ хел бошад?» Ва мерафтанду медиданд, ки афту андомаш дуппа-дуруст, одам барин, ҳатто базебу хушрӯй, ва меомаданду сифат мекарданд аз ҳуснаш, ва шунидагиҳо бовар намекарданд, ки «одами хушрӯ зишткор намешавад», ва худҳошон ба тамошо мерафтанд, ки бо чашми худ бубинанд.

пешина
аз 435
навбатӣ