Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ба ғазаб омаданд, ва Аълам фатво дод, ки:
– Куфр гуфтааст. Кофир аст. Хунаш ҳалол.
Ва охири моҳи январ дар Тошканд, дар идораи рӯзномаи «Туркестанские ведомости» барои беҳтарин мақолаи сол, ба Василий Бобров ҷоиза доданд; ва тарҷумон Азизмуродро касе на таъриф кард ва на танқид. Вале мудири маҷаллаи «Ойна» ба бало монд, – дар Бухоро хунашро ҳалол донистанд, ва дар Самарқанд, рӯирост не, пинҳонӣ, иғвогар гуфтанд, ки байни ду давлати дӯст низоъ меандозад; ва бо маслиҳати дутарафа Қурбони дуздро хариданд, ва Қурбони дузд, ҳангоми як сафар, дар корвонсаройи Қаршӣ, шаб дар ҷойи хобаш, ӯро ба ҳалокат расонд; ва шӯре афтод андаруни халқ, ва Губернатор изҳорот дод, ки қотилони сияҳкор душманони оромиву осудагии кишвар ва ду халқи дӯст ҳастанд, аммо ба мақсади нопокашон намерасанд ва мо якҷоя ба муқобили онҳо муборизаи беамон хоҳем бурд; ва Амир ба Губернатор телеграмма дода, изҳори миннатдорӣ кард; ва ҳар ду тараф худро сафед карданд, ва собит гардониданд, ки пеши роҳи донишро нагирифтаанд, ва ба қадри одамони машҳури мулк мерасанд; ва шаҳри Қарширо шаҳри Беҳрӯз ном монданд, ва хотираи ношири шаҳидро абадӣ гардониданд.
Ва Амир, бори нахуст дар умраш, намозро пурра хонд, ва шукрона ба ҷо овард:
– Хуб шуд, ки нест шуд. Ношукру носипос буд. Қадри моро, ки нашинохт, сазояш ҳамин.
Ва аз забони Бибисоҷида, беваи Саидмурод, Қушбегии мақтул, ки ба валӣ ва ғайбдон буданаш акнун касе шубҳа надошт, ва беморон, аз кӯру кар сар карда, то калу шал, ва аз безурёт сар карда, то ҳез таги дараш тӯда-тӯда навбат меистоданд; ва мардум байни худ нақл мекарданд, ки як ҳафта пеш кӯре ба ҳузури вай даромада аз он ҷо бино берун омад, ва безурёте баъди давойи ӯ, ҳомила шуд, ва… Ва қасам мехӯрданд, ки ин мӯъҷизаро бо ду чашми худ диданд ва шоҳид меоварданд, ки он безурёт ҳамсояи духтари холаи ман аст.., дар шаҳру деҳ овоза паҳн шуд, ки Фариштаи ободӣ, ки арвоҳи Акамулло ба Арши аъло рафта, ба Бухоро оварда буд, аҳволу аъмоли раъияро дида, сахт ба ғазаб омадааст, ва малоикаҳойи аҳли рикобашро ҳайфи ту гуфта, танбеҳ дода, ҳамаашонро аз кор пеш кардааст, ва аз ҷумлаи малоикаҳойи ҳуқуқшинос ва мӯътамад дастаи муфаттишон ҷамъ оварда, супориш додааст, ки вазъи ҳолро омӯхта, сабабҳойи ба ҷаҳолат ғарқ гардидани Бухороро ёфта, гунаҳкоронро ба ҷаҳаннам партояд, ва роҳи ислоҳашро пешниҳод бикунад, ва ин кор анҷом ёбад, дар зарфи панҷ-даҳ сол, аморати Бухоро яке аз мамлакатҳойи ободтарини дунё мешавад; ва садқа шавем арвоҳи Акамуллоро, ки ин ҳама кори хайрро ҳамон арвоҳ карда истодааст.

пешина
аз 435
навбатӣ