Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Азбаски дар ин мулкҳо серу пур зистан, одатан, фақат ба мансабдорон даст медиҳад, ва курсии мансаб каму талабгор бисёр аст; фиребу найранг ба авҷи аъло расидааст,
– ришвахӯрӣ, тӯҳмат, фитнагарӣ, ҳасад, бахилӣ, ва инҳисори авлодӣ, дар ин давлатҳо як чизи муқаррарист, ва сиёсати ҳукуматро фалаҷ кардааст. Гӯё бад–ин сабаб будааст, ки ростро дурӯғ медонистаанд, ва фиребгарро кордон мегуфтаанд ва хиёнатро садоқат мепиндоштаанд.Ва одамони соф ва хирадманд аз хидмати дарбор мегурехтаанд, ки агар дуздӣ ҷавонмардист ва агар лаганбардорӣ одоб аст, мо шарик нестем ба ин корҳо, ва кори бад аст ин корҳо…»
Ва Азизмурод тарҷимаашро бурд ба идораи маҷаллаи «Ойна», ва мудири маҷалла мақоларо хонд ва қаҳраш омад:
– Таҳқир кардаст, лаънатӣ!
Азизмурод умедашро канд, – мақоларо чоп намекунад!
Мудир бо пушти даст қоғазҳоро тарафи Азизмурод тела дод:
– Ин олимони шумо таърихи моро намедонанд. Рӯҳи халқро намедонанд. Ҳамчун роҳгузари тамошобин навиштаанд. Намедонанд, ки аспро дар охури хар бандӣ, хар мешавад.
Азизмурод қоғазҳоро ғундошт, дар бағал зад, ва аз паси миз хест. Дарро кушод ва баромаданӣ буд, ки мудир баргардонд:
– Биёед, ин ҷо шинед. Мақоларо диҳед.
Вай мақоларо гирифт ва аз аввал, то охир тез чашм давонд:
– Худам ҳам медонам, ки аҳвол аз ин бадтар асту беҳтар нест. Аз забони каси бегона шуниданаш алам кард, ифтихору ҳимояи ҷоҳилона… Мақоларо чоп мекунем.
Ва чоп шуд мақола, ва хабарбарон ба гӯши Амир расониданд. Ва Қозикалону Раис ба ташвиш афтоданд, ва мансабдорон

пешина
аз 435
навбатӣ