Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тоҷик дар ғами худ ва халқу ватани худ нест. Вай ғами ахлоқу одоби инсониятро мехӯрад. Дар натиҷа на ба худ мерасад ва на ба ватани худ. Ӯзбак хислати дигар дорад, – манфиати худ ва қавми худро болотар аз ҳама чиз медонад, ва барои худ зиндагӣ мекунад, на барои риояи дину диёнат, ва ба ахлоқу одоби тамаддун сахт пойбанд нест, ва тақозойи нафсро лаҷом намезанад. Тоҷик пеш тобеи араб буд, ҳозир тобеи ӯзбак аст; ва тобеияти дурудароз боис шуда, ки нисфи аҳолӣ забонашро гум кардааст.
Дар Осиёи Миёна, ба мисли ҳамаи мамлакатҳойи мусулмон, аҳолӣ ҳисобу китоби саҳеҳ надорад. Вале ба мо гуфтанд, ки дар шаҳри Бухоро ҳашт ҳазор хонавода ва ҳафтод ҳазор одам ҳаст, ва се ҳиссааш тоҷику як ҳиссааш ӯзбак ва ӯзбак ғолибу тоҷик мағлуб; ва мағлубҳо ба беадолатӣ ва беҳуқуқӣ он қадар унс гирифтанду одат кардаанд, ки дар кулбаи худ, дар назди оташдон, бо аҳли хонадон, нишаста сурудҳойи шикоят аз замон ва таронаҳойи ғарибӣ мехонанд. Мо қариб нисфи ҷаҳонро гаштем, вале ягон қавму қабилайи дигарро надидем, ки сурудҳойи шикоятӣ ва таронаҳойи ғарибӣ ба ин дараҷа зиёд ва бадин поя ҳазин бошад. Нолишро дӯст медоранд, аз нолиш лаззат мебаранд, аз нолиш як дараҷа фахр ҳам доранд, ки «Ин дардро ман хубтар гуфтам»; аммо ҳавсалаи фикр давондан надоранд, дар роҳи ҳақ устувор нестанд; ва ба пулу мол ҳарисанд, ва нафсашон ба ақлашон ғолиб, ва ба васвасаи роҳати безаҳмат гирифторанд… Ду кас рӯ ба рӯ оянд, аз боби ҳалолу ҳаром ва равою нораво баҳси олимона мекунанд, вале дар амал, ба фойдаи худаш бошад, ҳалолу ҳаром ва равою нораво ба ёдашон намерасад; ва майдон танг ояд, одаму одамгариро ба як пули пучак мефурӯшад; ва як марди ҷаҳонгашта, ки барои беҳ шудани рӯзгори Инсон ҳафт достон навиштааст ва худаш шоҳиди ҳоли амирону хонҳойи Хоразм ва Кӯқанд ва Бухоро ва Кобул будааст, ба мо ҳикоят кард, ки мардуми ин кишварҳо асрҳост, ки аз роҳи рост зарарҳо дидаанд ва аз роҳи каҷ манфиатҳо бардоштаанд, – роҳи рост якта, роҳи каҷ садта, – ва агар хоҳони зиндагии серу пуре бошанд, аз ҳалолкорӣ метарсанд, ба кори ҳаром даст мезананд.

пешина
аз 435
навбатӣ