ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Тоҷикон ҳавсалаи кӯчокӯч надоранд, ташвиши зиёдро дӯст намедоранд, майли хотирашон ҷониби осоишу фароғат бештар аст, ва мардуми мазҳабианд, ба низоме, ки дини ислом ҷорӣ кардааст, кӯр-кӯрона итоат мекунанд, ва дар фикру андеша сахт пойбанди шаръи шариф ҳастанд, ки роҳи кӯшиш, ҳаракат ва ҷустуҷӯю ихтироъро соф бастааст, ва бад-ин сабаб рӯзгори маҳдуде доранд дар чаҳорчӯбаи дастовардҳойи асри ҷоҳилия, ва камҳавсала ва карахт, ва ба имрӯзу фардойи ватану миллат ва забони модарӣ бепарво ҳастанд. Хислати ӯзбак акси хислати тоҷик.
Ин тоифа кӯчӣ ва нимкӯчиянд, ки сабук аз ҷое ба ҷое мераванд, ва эътиқодашон ба дину диндорӣ сабук тағйир меёбад, ва агар ба манфиати рӯзгори шахсияшон бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ хости худашонро маҳдуд намекунанд, – медузданд, ба ғорат мебаранд, талаву тороҷро айбу гуноҳ не, ҳунару мардонагӣ медонанд; ва аз онҳо ҳар касе ҷоҳилтару бераҳмтар, мартабаву эътибораш баландтар. Ва инҳо зӯровариҳое ба сари тоҷикон кардаанд, ва бо қисме аз онҳо махлуту омехта шудаанд, то ба ҷое, ки тоҷикон аз баҳри забони худ гузаштаанд, ва забони онҳоро қабул кардаанд. Бо вуҷуди ин дар Осиёи Миёна забони ҳукмрон забони форсист (мардуми авом забони тоҷикӣ мегӯянд), чунонки дар Аврупо забони франсавӣ.
Дар атрофи шаҳрҳойи калон, ба мисли Самарқанду Бухоро ва Марғелону Фарғона ва Хоразму Тошканд, тоҷику ӯзбак якҷоя зиндагӣ мекунанд, ва урфу одат ва асбобу анҷом ва либосу палосашон як хел, қариб ки фарқе надорад, вале қиёфаашон хеле фарқ мекунад, ва хислаташон ба тамоман дигар хел аст, ҳатто муқобили якдигар.
Тоҷик соҳиби давлат нест. Вай ҳукумат надорад. Ғолибан аз паси тиҷорат мегардад. Дар кор чолок ва маккор аст. Ба фосиқӣ ҳавас дорад. Аз тоҷик фақат авлиё баромадааст, на ғозӣ. Авлиёҳо ба рӯзгори худ бепарвоянд, дар ғами пок нигоҳ доштани дину ойин умр ба сар мебаранд, ва ғарқи ободии он дунё ҳастанд; ва биёбониҳойи даштҳойи Қипчоқ ва Туркистони Чинро ҳаминҳо мусулмон кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё