Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва ба роҳзанӣ хотима дод. Чӯлу дараҳо пури роҳзану ғоратгар буд. Корвонҳоро мезаданд. Рамаҳоро мебурданд. Одамонро мекуштанд. Ҳамашонро саркӯб кард лашкари рус. Ва алҳол замин ва одамон ва чорпоён ба ҳаёти осудаву ором, оҳиста секин, хӯ мегиранд. Хӯ мегиранду ибрат намегиранд. Ибрат намегиранду лоф мезананд…
Ҳавойи даҳонашон бисёр. Корашон кам…
Ва Азизмуроди тарҷумон пайваста мехонд он мақолаҳо ва он рисолаҳоро, ва қойил буд ба илмашон, ва намунаву пораҳое тарҷума мекард ба умеди ба дидаву гӯши халқ расонидан, ва мебурд ба идораи маҷаллаи «Ойна»; ва як мушт муштарӣ, акнун насиҳатҳойи хушк не, балки суханҳойи зинда аз рӯзгор мехонданд, ки «Бухоро яксаду се мадраса дорад, ва ба таъсиси ин мадрасаҳо аз даҳ аср то панҷ аср шудааст, ва ҳама ин асрҳо талаба қабул кардаанд, ва дарс додаанд, ва хатм кунонидаанд, ва шуморааш аз лаку дар лак гузаштааст, вале дар соҳае корафтод шавӣ, як мутахассиси варзида намеёбӣ, ки коратро буд бикунӣ.
– Нақшайи рӯдро кашед.
– Наққош надорем.
– Рӯйхати конҳо ҳаст?
– Нест. Коншинос надорем.
– Рӯҳи мардум чӣ хел? Рӯҳияи мардумро медонед?
– Рӯҳияи мардум ба мо чӣ лозим?! Мо ин хел касбҳо надорем!!
– ………………………………….
Ва ин хел мақолаву рисола бисёр чоп мешуд, ба забони русӣ чоп мешуд, ва дар аморати Бухоро бо забони русӣ хондан манъ буд, – бадарға мекарданд, сангсор мекарданд; ва Азизмурод аз русӣ ба тоҷикӣ баргардонд, ки: «Мардуми Бухоро, ба мисли мардуми кулли маҳалҳойи кишвари Туркистон, асосан тоҷик ва ӯзбаканд. Тоҷикон мардуми бумӣ ҳастанд, ва аз нажоди ориёнанд. Ӯзбакон туркнажод ва кӯчманчианд, ки ба ин сарзамин дертар омадаанд, ва пайваста ғоратгарӣ кардаанд, ва аз пайи забти чарогоҳҳойи сералаф будаанд, ва дар ҳар ҷойе, ки даст додааст, бошандагони таҳҷойиро танг карда баровардаанд, ва ҷойу маконашонро ҷабран гирифтаанд.

пешина
аз 435
навбатӣ