ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва бо ҳавас менигаристанд ҷониби Русия, ва ҷабр бинанд, орзуи Русия мекарданд, ва аз таҳдиду таъқиб мегурехтанд тарафи Русия. Ва Амир, ки худро соҳиби зиндаву мурдаи аморат медонист, ва ободиву осоиши мулкро таъмин бояд мекард, худаш рӯйи осоишро намедид, – доим дар ташвиш ва таҳлука рӯз мегузаронид, ки «ҳама ба ман душман шудаанд, ҳама дар қасди куштани мананд», ва баҳонае меёфт ва рахти сафар мебаст ба Қирим, ба Петербург, – чорта дами беғам занем!.. Ва Қурбонмуроди муфтӣ, дар саройи пахтаҷаллобон, дар шаҳри Оренбург, дар сари дастархон, ба тоҷирон дилашро холӣ кард:
– Бешараф! Занғар! Ту Петербург рафта дами беғам мезанӣ. Ман куҷо равам?! Шумо куҷо равед?! Халқ куҷо равад?!
Ва Куклину ёронаш ҳамин дарди куҳнаи Қурбонмуроди муфтиро, ки даҳонӣ мегуфт, вале ба гӯши касе намедаромад, дар мақолаву рисолаҳо ба тадқиқу таҳлил гирифтанд, ва дар Тошканду Қазону Петербург ба дасти чоп доданд, ва ба дасту гӯши ҷаҳониён расониданд, ки панҷсад сол боз фикру андеша дар Осиёи Миёна дар хоби ғафлат буд, ва рафторҳойи одилона дар саҳифаҳойи китобҳои камшумор ва дастнависҳо, зери чангу ғубор, дар таҳхона ва сандуқҳо бекор хоб мерафт; ва ба рӯзғори тираву тори аҳли заҳмат, аз осмону замин нуреву зиёе намерасид; ва шамшери буррои рус буд, ки дари адолат ба рӯйи инҳо кушод, ва роҳи аз ҷаҳолат раҳиданро нишон дод, – лаҷоми мирҳо ва бекҳоро кашид. Ба ном миру бек дар ин заминҳо он қадар бисёр шудааст, ки дар замини шӯр ин қадар талха намерӯяд; ва моҳу соле нест, ки инҳо ба рӯйи якдигар теғ накашанд, ва хунрезиву талаву тороҷ накунанд, ва хонаҳойи ободро вайрон накунанд; ва ҳар кадомаш гумон дорад, ки дар рӯйи ҷаҳон аз ӯ зӯртар ва аз ӯ боақлтар касе нест; ва зарби силоҳи рус онҳоро дар ҷояшон шинонд, ва пахта барин мулойим кард…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё