ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– Дар Бухоро, ғайр аз ман, дигар кас нест?! Ҳар кор шавад, пеши ман медаванд!? Гӯед ба ҳамон одам, ки пеши раис равад. Раис ба ҳокимҳо фармояд, ки мардумро ба ҳашар бароранд. Пеши роҳи малах ҷӯй кананд. Ҷӯйи калон. Бараш дуним газ. Чуқуреш як газ.
Ва ба ҳашар бароварданд мардумро, – аз ҳар як оила як нафар коргар бо белу каландаш. Ва ҳашар кори бепул буд, ва рӯзе як бор, дар чоштгоҳ, шулон медоданд: ва дасту дили одамон ба кор гармӣ надошт, – дилу бедилон белу каланд мезаданд, вале аз тарси ҳуҷуми малах, ба ҳар ҳол, ҷӯро кандан лозим меомад, ва канданд аз ин сари дашт, то он сари дашт, вале роҳи малахро нагирифт, – малах хез заду гузашт. Ва аз Бухоро, аз номи раис, пайғом расид, – «Бо кадом ақлатон ҷӯ кандед? Магар ҷӯ садди роҳи малах мешавад? Нодонҳо! Мурғ ҷамъ кунед, лашкари мурғ.
Мурғҳоро бурда сар диҳед, дар як шабонарӯз аз малах ному нишон намемонад. Ҳамаашро мурғҳо чинда мехӯранд».
Ва андози нав гирифтанд аз аҳолӣ, – камбағал бошад, як мурғ, ва миёнаҳол бошад, ду мурғ ва доро бошад, панҷ мурғ; ва лашкари мурғ ҷамъ омад дар ҳар деҳа, ва аз ҳар як деҳа се лашкаркаш таъин карданд аз одамон, ва сафу ҷамъ оварданд аз сар то сари водӣ, ва бо ҳайу ҳуй бурданд ба майдон, ба ҷанги малахон. Рӯзи якуму дуюм хеле фаъол ҳуҷум карданд мурғҳо, ва шасти ҳуҷуми малах хеле паст шуд; ва минбаъд, аз рӯз ба рӯз, ҳавсалайи мурғҳо каму камтар мешуд, ва бист рӯз пас, тамоман беҳавсала, лекин фарбеҳ шуданд, ва аз фарбеҳӣ ба роҳгардӣ хушашон намеомад; ва лашкаркашон ҳар рӯз ду бор, – чоштгоҳу бегоҳ, –гӯшту шӯрбойи мурғ мехӯрданд, ва мурғҳо малах мехӯрданду фарбеҳ мешуданд, ва одамон гӯшти мурғ мехӯрданду фарбеҳ мешуданд, ва ҳуҷуми малах кам не, зиёд мешуд… Ва мурғкушӣ он қадар авҷ гирифт, ки дар андак вақт як мурғи зинда намонд, ва одамон ҳазл мекарданд, ки «мурғҳо малахро не, малах мурғҳоро мехӯрад».
Аҳолӣ арзу шикоят ба Тошканд бурданд, ва аз генералгубернатор ёрӣ пурсиданд, ва генерал-губернатор аз Ҳиндустон даҳ вагон майна овард, ва майнаҳо дар ҳабдаҳ рӯз малахро пок-покиза чинда хӯрданд; ва аксарияти мардум, ҳарчанд ки беризқу рӯзӣ монданд, нафаси озод кашиданд, ва дар хонаву бозор таъриф карданд, ки «ҳамин урусаш ҷони одам», ва дар забони халқ зарбулмасали нав пайдо шуд, – «урус омад, дуруст омад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё