Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хонаи мо бе чароғ, оташдонамон сард… Не, ин хел намешавад!.. Шумо ду даст дар киса гардед, мо рӯзе дувоздаҳ соат арақи ҷабин мерезем. Боз дар иморате, ки ҳаво роҳи гузар надорад, равшанӣ дуруст намерасад, чангаш роҳи нафасро мебандад…
Не, ин хел намешавад!.. Ҳар рӯз як фалокат ҳаст, – чархи мошин дасти касеро мехояду меканад, тахтаи оҳан ба сари касе фурӯ меғалтад, дар торикӣ пешпо хӯрда буҷулаки пояш мебарояд, ва шумо парво надоред… Не, ин хел намешавад!..
Ва ашрофи калон дарунтари кӯшк рафт ва ду–се ашрофи хурдро фиристонид, ки «ҷавоби даҳанмардҳоро бидиҳанд». Ашрофони хурд ба айвони болохона баромаданд:
– Ин хел намешавад, ин хел намешавад, .. чӣ хелаш мешавад?!
– Ҳамин хелаш мешавад, ки зиндагии мо ҳам мисли зиндагии шумо бошад!
– Ин хелаш намешавад! Шумо коргар, мо корфармо.
Ҳар дуйи ин як чиз нест.
– Мо ҳам медонем, ки ҳар дуйи ин як чиз нест. Баройи ҳамин корпартойӣ кардем. Лекин коргар мол медиҳад, шумо муфт мехӯред. Ҳар дуйи ин ҳам як чиз нест! То имрӯз безаҳмат роҳат кардед, акнун бас. Мо ҳам бояд роҳати заҳматамонро бубинем. Алҳол талаби мо ин аст:
Рӯзи кор ҳашт соат шавад.
Ҷойи корро хушҳаво, рӯшан ва бехатар мекунед.
Ҷойи хоб озода ва обод бояд бошад.
Музди заҳматро муносиби кор медиҳед.
– Будаш ҳамин. Хоҳед, ки нон хӯред, кор мекунед.
Нахоҳед, чор тарафатон қибла. Мо кафили саломатӣ ва рӯзгори шумо нестем!
– Нонро худамон меёбем, бо иҷозати шумо бихӯрем?!
Аз гиребонаш каш, поён фарор ӯро! Ду–се мушт ба сараш хӯрад, ҳушаш ба ҷо меояд!
Ва гиребонкашӣ сар шуд. Ва муштзанӣ сар шуд. Ва дорову нодор, ба муқобили якдигар ба ҷанг даромаданд.
Гиребонҳо дарид ва сарҳо кафид. Ва аскари ҳукумат ба ёрии дороҳо омаданд, ва нодорҳо мағлуб шуданд…

пешина
аз 435
навбатӣ