Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Надонам. Баройи ҳамин будагист.
Ва Виктор аз таассуроти ин зиёрат мақола навишт ва дар газетаи «Туркистанские ведомости» чоп кунонид; ва аз ҳаёти мардуми Осиёи Миёна мақолаҳо навиштан ва китобҳо баровардан, аз тарафи олимони рус хеле боравнақу ривоҷ буд, ва барои таҳҷоиҳо ин ҳама ташвиш, як кори нав ва беҳуда менамуд, ки «бекор мардуме ҳастанд ин олимони урус, – ҷон коҳонда пасту баланди заминро чен мекунанд, буттаву дарахтро мешумуранд, аз гулу алаф намуна мегиранд, дар кӯҳу камар мегарданд, чӣ манфиате мебинанд аз ин корҳо, ҳеҷ кас намедонад». Ва мардуми бумӣ ба ҳоли табоҳ ва нодонии олимсайёҳони рус механдиданд, ки соддаҳо чизе гум накардаанду кофта мегарданд; ва олимсайёҳон ба фаҳму фаросат ва нодонии бумиён механдиданд, ки ҳавсалаи кор надоранд – кишварашонро намеомӯзанд, рӯзгорашонро намеомӯзанд…
Ва худи русҳо меомӯхтанд. Ва дар охирҳойи баҳор, дар мавсиме, ки сабзаи даштҳо ҳанӯз навиғидааст, ва дашту даман яксон аз алафу гул мурғак меравад, ва киштҳо сар кашидааст, ва дарахтон аз гул фуромада, мева об гирифтааст, ва обҳо аз байни сангу карафсу ҳулбӯ равонанд, рӯзе қофилаи олимсайёҳон ва олимҷосусон аз доманаи кӯҳу адири Ҳоҷӣ Ипак мегузашт: ва ин манзара мафтунашон кард, ва Виктор барои Петербург матни телеграмма тартиб дод:
«Ҳоҷӣ Ипак хуб ва хуш маконест. Баройи муҳоҷирони мо ҷойе беҳтар аз ин ёфтан душвор аст. Иқлимаш ба иқлими Каменеск – Подолск монанд. Гандуму ҷав хеле хуб мерӯяд.
Дар кӯҳистони Бухоро, гумон мекунам, ки ин хел ҷойҳо хеле бисёранд. Мо дар омӯзиш ва фатҳи Манҷурия вақт ва қувваи зиёде сарф мекунем, вале самараи кам мебардорем.
Майдони ҷавлони арзон ин ҷост. Хатоҳоро ислоҳ бикунем, манфиати бештаре мебинем».
Ва пиёда ва савора қадам ба қадам кӯтоҳ мекарданд роҳи шаҳрҳо, деҳаҳо ва роҳи водиҳову дараҳо ва дар ҳама ҷо истиқболи гарм ва гусели нарм медиданд аз ҳокимону бекҳо; ва ба ҳар ҷое расанд, сурат мегирифтанд, тарҳ мекашиданд, ва ҳикояту ривояти шунидаашонро менавиштанд ва ба рӯҳияи мардум шинос мешуданд, ва номи маҳалҳо ва аз кадом ҷониб будани дари хона ва оғилҳоро нишон медоданд, ва …

пешина
аз 435
навбатӣ