Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва аз маҳаллаи Талошакон, ки бошандагонаш ҳар чизеро бинанд, талош карда мегирифтанд, беозору безарар гузаштанд; ва ба зисту зиндагии нонталабон, – туркманҳойи қаҳтизадае, ки ба умеди ёфтани як луқма нон, қади рӯди Омӯ фуромадаанд, шинос шуданд; ва аз ҳамвориҳо ва шикастагиҳо гузашта, ба дара даромаданд, – дарайи танг, буттазор, пур аз новаю зов, ва дар боло шахҳойи баланди ҷулин ва қуллаҳойи нӯгтези пасу пеш ва дарозу кӯтоҳ, ва дар қаър як рӯдчаи тезҷараён, ки рафташ роҳгардии морро нусха бардоштааст, ва роҳи пурхавфу хатар; ва аз бағали кӯҳ, аз бузраҳаи регрези нишеб, ду савор аз пеш пайдо шуданд, – аспсаворанд ва аспҳояшон майда, андаке калонтар аз хар; ва дар ин талоқи бероҳа чунон чолок роҳ мегарданд, ки гӯё дар дашти васеъ бошанд. Ин саворонро амлокдори Қайнар фиристонидааст, ки меҳмонони азизро пешвоз бигиранд, ва роҳбалад бошанд, ки аз тангии Бузғолахона сиҳат ва саломат бигзаронанд. Ва дар даҳони тангӣ яке аз он фиристодаҳо ба Виктор лоф зад:
– Аз ин тангӣ ҳар кас гузашта наметавонад. Дар ин ҷо сарбозони ҳазрати Искандар хок шудаанд. Ба ҳар кас роҳи гузар намедиҳанд. Фақат ба ман роҳи гузар медиҳанд. Ман дуъояшро медонам.
Ва Виктор аз дил гузаронд: «Чӣ мардуме ҳастанд ин мардум?! Александр пеш аз мелод нест шуд. Як ҷаллод буд, ки ба ҷаҳаннам рафт. Инҳо, дар охири асри нуздаҳи мелодӣ, ӯро Шумо мегӯянд?! Ва аз хоки сарбозонаш метарсанд! Боз умедашон ба дуъо? Ғайр аз дуъо дигар умеде надоранд гӯё!»
Забонаш хорид, ки ин суханҳоро гӯяд ба роҳбалад, вале худдорӣ кард, – дар Петербург, дар вазорати ҳарбӣ, ба онҳо таълим дода буданд, ва ҳар рӯз таъкиду таҳдид мекарданд, ки «Императори Аъзам фармудаанд ва ҳамеша дар ёд доред, ки мо истилогар нестем. Мо халосгар ҳастем. Мо таҳқир намекунем. Мо ҳамдард мешавем. Мо бояд бидонем ва як лаҳза фаромӯш накунем, ки қуръон ва шариат ва одат, се рукн ва се бунёде ҳаст, ки ҳаёту мамоти мардуми Осиёи Миёнаро идора мекунанд.

пешина
аз 435
навбатӣ