ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Риояи шариат ва одат, бахусус қуръон, ки решаи онҳост, воҷиб аст бар мо. Агар мехоҳем танҳо ғолиб ва ҳукмфармо набошем, агар мехоҳем фардо соҳиби ин мулк бошем ва бо мардумаш ончунон махлут бишавем, ки ба як гӯшаи хоки давлати пуршавкати рус будани он касе шубҳа накунад, аз ин фармуда сари мӯйе берун наравем.» Ва Виктор аз ёд медонист ин матнро, ва сари мӯйе берун намерафт, ва ин муомила ба таҳҷойиҳо хуш меомад, ва касе аз урусҳо шинос дошта бошад, боиси ифтихораш мешуд, ва ҳатто дар ҷомеа як навъ имтиёз ҳам медод, ки «ҷӯраи урус дорад».Ва Виктор суханони нӯги забонашро фурӯ бурд:
– Дуояшро донед, моро сиҳат саломат мегузаронед.
Ва аз лаҷоми аспҳо дошта ва аз гӯшаи бори харҳо бардошта, ва пеши по хӯрда, ва лағжидаву хеста, ва ба обу арақ ғӯтида, гузаштанд аз Бузғолахона; ва дар Деҳнав хобидаву хӯрда, баъди даҳ рӯз ба худ омаданд, – кӯфти роҳ бароварданд, ва хару хингилашонро дам доданд; ва Виктор дар рӯзномааш навишт, ки «Деҳнав пеш аз салтанати манғитиён шаҳри ободе будааст. Гурба аз Деҳнав то ба Тирмиз рӯрӯйи бом мерафтааст. Бозори Тирмиз ончунон калон ва ончунин серодаму сермол будааст, ки садойи гиру те ва раву биёяшро дар Балх мешунидаанд. Алҳол аз он ободиҳо чизе боқӣ намондааст»; ва ба унвони вазорати ҳарбӣ, ба шаҳри Петербург, телеграмма фиристонд: «Води Ҳисорро бигирем, муносиб аст, ки Деҳнав марказаш бишавад».
Ва дар Қаратоғ, дар зиёфате, ки беки Ҳисор ба эҳтироми меҳмонон, дар лаби рӯд ороста буд, Виктор сифати шаҳри Деҳнав кард:
– Мавқеи хуб дорад, лекин обод накардаанд. Вақташ мерасад ва обод мекунем. Умуман дар аморати Бухоро ободӣ қадр надорад. Вақташ биёяд, тағйир медиҳем ин фаҳмишро. Сарват дар ин ҷо аз сарвати Урал бештар асту камтар нест.
Беки Ҳисор луқма партофт:
– Ман эътимод дорам, ки Бухоро боз қомат рост мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё