ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ғазаби Худо беохир нест.
– Шояд. Лекин ба ин қарибиҳо не. Ту, Азизмурод, ба забони худатон, сода карда, ба инҳо фаҳмон, ки даврони Бухоро бебозгашт гузашт. Дигар мадори хестан надорад.
– Бе тарҷима фаҳмидем, – ранҷид бек. – Шумо илми ғайбро медонед?!
– Не, ман ғайбдон нестам. Вале ҳамин қадар медонам, ки соҳиби молу мулк ҳамон касест, ки ину онро саришта ва истифода карда тавонад. Рӯйи замину таги замини ин мулк пуропури сарват, вале онро касе саришта намекунад, ва касе истифода намебарад. Намедонанд ва наметавонанд. Худатон натиҷа гиред, бо чунин аҳвол қудрат аз куҷо пайдо мешавад, ки қомат рост бикунад?..
Ва дар води Вахш, ба манзиле нарасида, шаб шуд, ва мусофирон дар замини бӯз, дар наздикии найзори азиме, бор фуроварданду хоб карданд; ва сари субҳ Азизмурод ба Виктор хабар дод:
– Аз дувоздаҳ ҷуфт пойафзол якта ҳам нест. Ҳамаашро дуздиданд. Дуои бади беки Ҳисор гирифтаст моро.
Ва ба мағзи сари Виктор тир барин расид. – Боз дуо!
Мардуми лучу гурусна, чизе ба чашмашон расад, ғанимат, мебардоранду мебаранд. Дуо чӣ дахл дорад ба ин!
Роҳбалад хиҷолат кашид:
– Дар ин наздикиҳо деҳа нест, одам нест, ки дуздӣ кунад.
Хазинадори Виктор:
– Пар бароварда паридаанд. Ба осмон рафтаанд?
Роҳбалад:
– Ба осмон не, албатта. Шағолҳо бурдаанд. Дар ин ҷоҳо шағоли дузд бисёр.
Олимсайёҳон то шаҳри Қӯрғонтеппа пойи луч рафтанд, дар бозори Қӯрғонтеппа тасдиқ карданд, ки пойафзолҳоро шағолон дуздидаанд, ва ин хел воқеаҳо бисёр рӯй додааст; ва дар бозор мӯза наёфтанд ва ночор кафшу маҳсӣ харида пӯшиданд. Ва дар Қубодиён, дар кӯҳи Пиёз, дар роҳи Дандоншикан, кафшу маҳсиҳо дарид, ва як рӯз ҳамон ҷо истода кафшу маҳсиҳоро кӯк заданду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё