Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дарбеҳ карданд; ва Виктор аз алам ба сари хазинадор дӯғ зад:
– Ман гуфтам ва боз такрор мекунам, ки мо ба ин кишвар кам аҳамият медиҳем. Лоақал дар ҳамин ҷо як аскархона медоштем, ин қадар азоб намекашидем. Баъд назорати Амударё ҳам осон мешуд. Мо соҳиби панҷсаду панҷоҳ мил роҳи киштигард мешудем.
Ва дар Самарқанд, ҳангоми аз Регистон гузаштан, диданд ки дар майдони беруни мадрасаи Шердор як марди қоматбаланди қаландармашраб танбӯр мезанаду суруд мехонад, ва мардуме, ки ба бозор мераванду аз бозор меоянд, ғун шуда гӯш мекунанд; ва Виктор аз Азизмурод пурсид:
– Чӣ мехонад?
Азизмурод тарҷима кард:
– Мехонад, ки паҳлавони багурдае намондааст, мардон либоси занон пӯшидаанд. Дер ё зуд гурдадорон пайдо мешаванд, занон либоси мардон мепӯшанд…
Ва чеҳраи Виктор тира шуд: ва дар қабули генерал Абрамов ӯ ҷанҷол бардошт:
– Роҳ додан даркор не ба ин хел ҳофизҳо. Шумо ин мардумро ба ихтиёри худ гузоштаед, ки мумкин нест.
Умуман суст меҷунбед. То ҳол дар Шаҳрисабз, Қаршӣ, Шеробод, Бойсун, Қубодиён, Кӯлоб ва Дарвоз ягон қисми ҳарбӣ нест. Телеграф ва почта нест.
Генерал Абрамов табассум кард:
– Москваро якбора насохтаанд! Алҳол нест, фардо мешавад.

6
Рӯди Зарафшон, баъди Самарқандро гирифтани русҳо,
ба ҳисобе, дигар ба Бухоро намерасид, – як ҷилдироба
меомад, ки киштҳо ва боғҳо ва обчакориҳоро шодоб карда наметавонист, ва ин оби нимҷон сол ба сол беҷонтар
мешуд; ва масоҳати заминҳойи хушк меафзуд, ва реги равон кишту боғро мелесид, ва дар боғҳо шохҳойи хушк аз
шохҳойи тар бештар буд, ва аввал гунҷишкон кӯчида

пешина
аз 435
навбатӣ