ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
рафтанд, ва баъд хомаҳойи рег аз як боғ ба боғи дигар кӯчидан гирифт; ва Қубоди сарроф, ки чор забони ғайр, – русӣ, туркӣ, франсавӣ ва немесиро медонист, ва пиллаву пунбаҷаллобӣ мекард, ва дар Бухорову Самарқанду Қӯқанду Фарғонаву Намангон саройҳову хидматгорҳо дошт, «ҷаҳономӯзӣ роҳи Амрикоро кушод, мо ҳам роҳе бикшоем», гӯён ба ҷаҳонгардӣ баромад, ва ҳашт сол дар мулкҳойи Осиё ва Аврупо, – Тошканд, Авлиёато, Оренбург, Москов, Берлин, Пориж, Лондон, Вена, ва Теҳрон, Сабзавор, Ҳирот, Деҳлӣ, – савораву пиёда бигашту бозоргонӣ ва сайёҳӣ бикард; ва рӯзгори дигаронро бидиду ба муқоиса гирифт, ва ба натиҷае расид, ки «дигарон бедору сари коранд, биноан, шаҳрҳояшон обод асту зиндагиашон серу пур, вале мо мардум хоболуду бекоргардем, ба ин сабаб шаҳрҳоямон вайрона ва зиндагиамон ночориву ғарибона»; ба номус омад, ва ба Тошканд рафт назди генерал– губернатор ва даъво пеш овард:
– Оби Зарафшон ба Бухоро намерасад. Боғу роғ аз беобӣ сӯхтааст. Дар тақсими об беадолатӣ мекунед.
Ва генерал-губернатор изҳори таассуф кард, ки чунин будани аҳволро касе ба ӯ хабар надодаст, ва ваъдаи устувор бидод, ки ба ислоҳ мерасонад ин норасоиро; ва ба номи Амир пайғом фиристонид, ки чанд одамро маъмур бикунад ва онҳо ба Самарқанд бираванд ва мушкилаи обро бубинанду одилона ба мувофиқа бирасанд; ва Амир ин пайғомро хонда димоғаш сӯхт, – Қубод кист, ки аз номи мо бо губернатор гуфтугӯ мекунад?! Обрӯйи моро мерезонад, эътибори моро паст мезанад?!
Ва фармони олӣ содир шуд:
– Қубод муртад ва ҷосус аст. Ба Обхона партоед. Молу мулкашро талаву тороҷ кунед!
Ва дар ҷавоби пайғоми генерал–губернатор нома навишт, ки «ношукру носипос ҳамеша дар ҳама ҷо ёфт мешавад. Вай муртад фитнагарӣ мекунад. Мехоҳад ба дӯстии мо халал расонад. Байни Шумову Мо низоъ андозад. Бовар накунед ба вай. Аз ҷиҳати об ҳеҷ шикояте нест.
Мо меҳрубониҳойи губернатори Самарқандро ҳар соату ҳар рӯз ҳис мекунем».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё