ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва генерал–губернатори Туркистон дар ҳузури сардорони уездҳо лоф зад: «беҳтарин ҳокими уездҳойи ман амири Бухорост».
Генерал-губернатор рафторҳойи амири Бухороро таъриф мекард ва раъияи аморати Бухоро аз Амир безор буданд ва корҳойи генерал-губернаторро сифат мекарданд. Корҳойе, ки генерал–губернатор мекард, аз тасаввури мардум берун буд, – дар паҳлӯи ҳар як шаҳри куҳна шаҳри нав месохт ва ин шаҳри нав аз шаҳри куҳна саду як бартарӣ дошт, – кӯчаҳо росту васеъ, иморатҳо устувору баланду озода, ва бомҳо чортарка, ки барф об шуда мерезад ва ҳоҷат ба бел кардан нест; ва обҳои равон соф ва гулгаштҳо ороста; ва дарғоти наҳрҳо пӯлодин, ва пали заминҳо калону ҳамвор, ва тухмиро ҳар сол таҷриба мегузаронанд, ки ҳосили кадомаш бисёр…
Ва собиқан, то омадани русҳо, пунбаро мисли тухми гандуму ҷав мепошиданд ба замин, ва баъди неш задан якаву каланд мекарданд ва ҷӯяк мекашиданд ва ниҳолаш як ваҷабу ду ваҷаб мешуд ва кӯракаш сахти каммағз буд, ки ба ҳаллоҷӣ андохта мебароварданд ва ҳосилаш барака надошт; ва пунбаро сӯзишворӣ мекарданд ба ҷойи ҳезум. Русҳо омаданд ва корҳо тамоман ранги дигар гирифт, – тухми пахтаи мисрӣ ва америкоӣ оварданд, ва бо сеялка кишт карданд, ва ниҳолҳо қади одам хест, ва ғӯза калону пурмағз шуд, ва дар зовуд тоза карда, той бастанд, ва зовуди равған сохтанд, ва аз пунба равған кашиданд… Ва муздурони аморати Бухоро чунин тарзи кордориро шунида ҳавасашон меомад, ва орзу доштанд, ки табааи Русия бишаванд; ва муздуроне, ки табааи Русия буданд, лаззати ин ҳама навовариҳоро чашида, сол ба сол сафи бекоронро афзуда, дар талоши ҷойи кор ва лахте замин ва ҷӯйе об ба шӯр меомаданд ва шӯришҳо мебардоштанд: дар Хуҷанд Бобомуроди ҷувозкаш, ки бо ду аспаш зовуди равғанро мегардонд, ва баъди ба тарзи техникӣ гузаштани зовуд бекор монд, бо чор нафар ҳамқисматонаш маслиҳат кард, ва онҳо забони якдигарро ёфта, саду сӣ бекору оворагардро ҷамъ оварданд ва шаби ҷумъа, пас аз намози шом, ба аскархона шабохун заданд ва аскаронро задаву гурезонида, силоҳашонро гирифтанд ва ба давлатхона ҳуҷум оварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё