Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Соддалавҳон гумон доштанд, ки аскари рус ҳамон як даста аст ва ҳукумат ҳамин иморат, ва бо як ҳамла ҳардуяшро мегиранд ва ҳукумат ба дасти худашон мегузарад; ва якуним рӯз ҳукуматдорӣ ҳам карданд, – «тартиби овардаи урусҳо бекор! Мо бо ҳамон тартиби куҳнаи худамон зиндагӣ мекунем!» – ва баъди якуним рӯз, аз Қӯқанду Тошканд, казакҳойи савораву пиёда омаданд, ва хуни шӯришгаронро рехтанд, ва чун ҳамеша ҷанг хезад, аз гунаҳкорон дида бегуноҳон бештар зарар мебинанд, ҷони хурду калони бисёре қурбон шуд, ва молу ҷони зиёде ба тороҷ рафт; ва қурбонидодаву зарардидаҳо солҳойи дароз дуои бад мекарданд:
– Илоҳо, гӯрат сӯзад Бобомурод! Рӯзи хушро набинӣ, Бобомурод!
Ғайури бетадбир буданд Бобомуродҳо, – ғайрат карда сар мебардоштанд, вале дар тадбир мелангиданд, ва пухта набуд корашон, ва хаёлашон, ки хом буд, оқибати кирдорашон ҳам хом мемонд, ва андешаашон дар ҳамин лаҳза маҳдуд меистод, ва нияташон бузург ва даъвояшон фарогири ормони миллат набуд, ва барои ба ҳадаф расидан ҷиддан омодагӣ намегирифтанд; ба назарашон осон буд корҳойи дунё ва осонакак шикаст мехӯрданд, ва рӯҳи халқро мешикастанд, ва вайронаву гуруснаву сағира зиёд мекарданд, ва қувваи арзони кор, ки бе ин ҳам кам нест, ба маротиб меафзуд, ва иштиҳойи соҳиби сармоя кушода мегардид; ва дар Петербург шиор партофтанд:
– Майдони кишти пахтаро васеъ кунед!
Ва ширкатҳо ва фабрикдорон миён бастанд барои васеъ намудани замин ва кишти пахта, – рушқазорро ҷуфт карданду ба пахтазор табдил доданд, ва аз ҳисоби кишти ғалла буриданду ба кишти пахта илова намуданд; ва мардуми норозӣ бисёр шуд, ва дили онҳоро таскин доданд:
– Дил бад накунед. Фойда ва зарарашро баркашида бинед. Шумо ба мо пахта диҳед, мо ба шумо ғалла медиҳем.
Дар ин ҷо пахта нағз мерӯяд, дар Сибир гандум нағз мерӯяд. Аз ин ҷо пахта мебарем, аз он ҷо ғалла мебиёрем.

пешина
аз 435
навбатӣ