Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фойдаи дутарафа.
Ва ин фойдаи дутарафа аслан аз фойдаи Русия бармеомад, – пахта бисёр бошад, арзон бошад, наздик бошад, ва фабрикаҳойи бофандагӣ муназзаму мунтазам кор бикунанд, миёни корашон нашиканад, матоъ ҳарчи бештар бофанд ва ба бозорҳо бароранд, ва сарват ғундоранд… Ва як ширкати калон, ки бо тиҷорат ва саноат машғул буд, ва панҷоҳу ҳашт саҳом сармоягузорӣ мекард, ва ба хариди пахта аз Осиёи Миёна ва Эрон сару кор дошт, ва дар даҳ шаҳр, – Оренбург, Тошканд, Қӯқанд, Қошғар, Бухоро, Чорҷӯ, Марв, Ашхобод, Кучан, Машҳад, – идораву анборҳо сохтааст, ба вазорати кишоварзӣ нақша фиристонид: «мо ҳисобу китоб кардем, ки сармояи фабрикдорони мо босамар сарф намешавад. Пул ба хориҷа меравад. Дар дохили мамлакат гардиш намекунад. Ба худамон нафъаш намерасад. Агар дар Осиёи Миёна ба панҷсад ҳазор десятина замин пахта корем, ба камаш ҳашт миллион пуд пахта мегирем. Алҳол ҳамин қадар пахтаро фабрикҳо аз Амрико, аз Миср, аз Бразилия мехаранд, ва навад миллион сум медиҳанд. Ҳамин навад миллион дар дохили мамлакат монад, беҳтар нест?!...» Ва вазорати кишоварзӣ ҷавоб дод, ки нияти нек, вале вазорат ин хел пул надорад; ва вазорати ҳарбӣ ба генерал-губернатори Туркистон ҳуқуқ дод, ки заминро иҷора диҳад, – давлат пул надорад, одамони пулдор ҳастанд!
Ва пулдорон ёфт шуданд, ва заминҳоро иҷора гирифтанд, бо шарташ, – ҳалол нигоҳ медорем, ҳалол кор мекунем, ҳалол ҳосил мегирем; ва ин қарори давлати рус буд, ва ба аморати Бухоро дахл надошт, вале сармоядорон ғолибан соҳибмансабони кишвари Туркистон, роҳашро ёфтанд, ва коми амиру вазирро ширин карданд, ва нафаре аз бонки Русия ва Осиё ба Қубодиён рафт ва ёздаҳ ҳазор гектар заминро ба номаш гузаронд, ва Амир ба княз Андроников, ки баъзе корҳояшро воситаи ӯ дар Тошканд буд мекард, бисту ҳафт ҳазору чорсаду ҳаждаҳ гектар замини дашти Қарширо мӯҳру имзо монда дод, ва як муҳандиси ҳарбӣ дар Шеробод ҳафтоду ҳашт ҳазор гектар заминро иҷора гирифт… Ва дар ин заминҳо пахта мекориданд, ки заҳматаш ба дӯши безаминҳо ва камзаминҳои таҳҷойӣ буд, ва онҳо ин қадар музд мегирифтанд, ки ба нони шикамашон базӯр мерасид; ва бонкир гоҳу бегоҳ заминашро, гумоштагонашро ва муздуронашро хабаргирӣ меомад, ва ҳар дафъае, ки ба Қубодиён биёяд ва ҷониби плантатсияи пахта биравад, як марди ҳузарб ва пӯсти дасту рӯяш дар офтоб сӯхтаро медид, ки дар лаби ҷӯ нишастааст, – ё танҳо ва ё бо чор–панҷ марди дигар.

пешина
аз 435
навбатӣ