ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
нишастаю ёнбош, давра гирифтаанд ва суруд мехонанд, ва рақс мекунанд, ва ҷаър мекашанд:
– И-я! Ай! Уу! Илоҳо, ё ҳу илолоҳ!..
Ва халқи бисёре тамошобин – инҳо бозориёнанд. Чоршанбе дар ин ҷо рӯзи бозор ва онҳо имрӯз сешанбе омадаанд, ва аз «бекорӣ, кадукорӣ» вақт мегузаронанд, ва гуфтугӯйи завқоваре доранд байни худ:
– Тамошойи бепул. Кайф кунед!
– Беҳтарин ҷойи дамгирӣ.
– Доим зери бори ғам ҳастем. Фақат дар ҳамин ҷо як дами беғам мезанем. Ба шарофати қаландарҳо.
Ва шаҳна ба сӯҳбати онҳо шарик шуд:
– Мардони Худоянд қаландарон. Мардони Худо аз таъқиб ва аз ғам озоданд. Дидорашон роҳате дорад. Дил таскин меёбад.
Ҳангоми аз мазор берун омадан суратгири меҳмонон, бо рухсати шаҳна, дар таги дарвоза сурати бисёре гирифт, – сурати харон ва харкорон. Харҳойи дар мех бастагӣ. Харҳое, ки харкор аз гарданаш доштааст. Хару аспе, ки бор ва савор дорад. Харкоре, ки аз паси хару асп ва бору савор, пиёда медавад…
Баъди зиёрат Виктор аз шаҳна пурсид:
– Каромоти ин бузургвор чист?
Шаҳна ҷавоб дод:
– Ҳазрати Баҳоваддини балогардон ҳафтмоҳа таваллуд шудаанд, дар ҳафтсолагӣ қуръонро ҳифз кардаанд, дар ҳафдаҳсолагӣ фавтидаанд.
Виктор хандид:
– Ман аз синну солаш напурсидам, аз кору кирдораш пурсидам.
Шаҳна ҳам хандид:
– Ман аниқ намедонам. Ҳеҷ кас аниқ намедонад.
Мегӯянд, ки замини бисёр дошт. Рамаҳойи гӯсфанд, подаҳойи гов, галаҳойи аспу уштур дошт. Худаш одами камгап буд, бузкашӣ ва пойгаро дӯст медошт. Ба халқ нону ош медод.
– Баройи ҳамин муқаддас аст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё