ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Қофилаи илмӣ ва ҳарбӣ, аз аҳли илм як нафар рӯзноманавис, як нафар тарҷумон, ва як нафар топограф дошт, боқӣ ҳама аҳли силоҳ ва мусаллаҳ буданд, ва бо низоми ҳарбӣ мерафтанду бо риояи одоби мардуми шарқӣ нишасту хез мекарданд; ва дар қатори пулемёту камону тиру дору, дар борҷомаву тӯрбаю чобаю қуттиҳо, чой ва қанд ва карасин ва собун ва гӯгирд доштанд.
Қофилаи ба ном илмӣ ва ҳарбӣ дар асл соф ҳарбӣ буд – Абрамов фармон медод, ва Азизмурод тарҷима мекард, ва бекҳо ба ҷо меоварданд; ва бо ҳамин тартиб ба шаҳри Панҷекат даромаданд, ва аз он ҷо ба деҳаи Ёрӣ гузаштанд, ва қади оби рӯди Зарафшон боло рафтанду боло рафтанд то ба саргаҳи Фалғар ва то ба гулӯи Масчо. Дар шаҳри Панҷекат Абрамов аввал қудрат ва шаҳомати ҳарбиашро нишон дод – аскарони савора ва пиёда, дар пушт камонҳои панҷтира бо найзааш, шамшерҳо дар ронҳо ҳамоил, ва пулемётҳои сабук ба аспҳо бастагӣ, ва саф ба саф ороста, то ба майдони Дарвозаи Бухоро расид, ва аз ҳайбаташ тарсонд мардумро; ва баъд дар сӯҳбат бо ҳоким ва бо муфтиву қозӣ ва бо ашрофу ағниё, ки вай мегуфту Азизмурод тарҷима мекард, қарор баровард, ки «мардуми кӯҳистонро се сол аз ҳама намуди андоз озод мекунад; ва барои масҷид як чова карасин, ва барои ҳокимхона се қадоқ чой, барои қозихона ду кило қанду панҷ қуттӣ гӯгирд ёрии беғаразона мерасонад».
Муфт не, албатта! Ба шарте, ки ин обрав ба Русия пайвандад!
Ва обрави Зарафшон пайваста шуд ба давлати рус. Ва қофилаи Абрамовро дар Вотаву Урметан ва дар Дардару Искодар ва дар Варзи Манору Оббурдон бо нону намак истиқбол карданд, чунки овозаи адолату саховаташ фарсахҳо пеш аз тӯпу туфангаш медавид, ва мардуме, ки садуҳафтод

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё