Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ӯ нону ҳалворо бо як пиёла чой хӯрда шуда, нонрезаҳои рӯи рӯймолро ҷамъ карда ба даҳонаш партофту рӯймолро ба таги девор афшонда аз нав ба миёнаш баст ва дар ҳамин дам чашмаш ба ман афтод.
Чашмонашро андаке калон кушода, бо нигоҳи тезаш сар то пои маро аз назар гузаронида баромаду гуфт:
– Ин боз кӣ, Қосим?
Қосимҷон ки будани маро гуфта дод.
– Ҳм!.. – гуфта монд Шокиртароша, гӯё аз чизе норозӣ шуда. – Ҳм... якта будам, дута шудам! Ҷои равғанинро ёфта гирифт-дия ин Латиф! – ва ба худи ман рӯ овард:
– Ту ҳам аз тағот намемондагистӣ?
Ман ҳайрон шуда ба Қосимҷон нигаристам. Қосимҷон чашмак зад, ки «мон, гап задан гирад, ин худаш ҳамин хел одам». Ман ҳам рӯямро бо дигар тараф гардондаму гап назада нишастам.
Аммо Шокиртароша аз ман даст бардоштан намехост.
– Ӯй, ман ба ту гап задам! – гуфт ӯ. – Ту ҳам аз Латиф намемондагистӣ, мегӯям?
Ман дигар ба нигоҳҳои Қосимҷон эътибор надода, бо дуруштӣ гуфтам:
– Коратон чӣ?!
Шокиртароша чашмонашро тамоман калон кушода, дақиқае ба ман нигоҳ карда истод, гӯё қадаре ҳайрон шуда буд.
– Ӯҳӯ! – хитоб кард пас аз лаҳзае. – Дуруст-ку!
Баъд чашм аз ман канду дигар ба ман кордор нашуд.
Вале рафта-рафта муносибаташро ба ман дигар кард.
Гапҳош мисли пештара сахту дурушт, тарошаи аз бом афтидагӣ барин буданд. Аммо вақте ки бо ман гап мезад, ҳис мекардам, ки нисбат ба ман кинае надорад.
Аммо, умуман, ӯ лақаби «тароша»-ро беҳуда нагирифта буд. Ба ҳар кас, хоҳ хурд бошад, хоҳ калон, дағалона, ҳеҷ рӯи хотир накарда гап мезад. Ман пай мебурдам, ки бисёр одамон ӯро нағз намебинанд,вале ҳеҷ кадоми онҳо бо ӯ баробар шудан намехостанд.

пешина
аз 130
навбатӣ