Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳама медонистанд, ки ҳар кас бо ӯ баробар шавад, албатта шарманда мешавад.
Сухани дӯстоштаи ӯ «аҳмақӣ накун» буд.
Ӯ ҳатто ба Абдулатиф-тағо ҳам баъзан бо ҳамин суханҳо муроҷиат мекард.
Рӯзе тағоиям ба кадом як гапи ӯ розӣ нашуда, эътироз карда буд, ки Шокиртароша дар пеши як чойхона одам тамоми овозашро сар дода гуфт:
– Аҳмақӣ накун, Латиф!
Тағоиям аз ғазаб ранги рӯяш парида, бо як азоб худдорӣ карду бо оҳанги нарм, вале таҳдидомез гуфт:
– Шокирбой, бародар, аз ту як илтимос: ҳарчӣ гӯӣ – майлаш, лекин ҳамин гапатро дигар ман нашунавам! Ҳар чиз ҳам ҳадду андоза дорад...
Ба ҷои Шокиртароша ҳар кас мешуд, ё шарм медошт ё худашро гум мекард. Аммо ӯ ҳеҷ ҳолаташро тағйир надода, бо як оҳанги соддалавҳона гуфт:
Э, аҳмақӣ накун гӯям хафа шудӣ, Латиф? Ин тавр ки бошад, хайр, рав, аҳмақӣ кун!
Қосимҷон Шокиртарошаро нағз мешинохтааст. Ӯ, яъне Шокиртароша, аслаш аз ҳамон қишлоқи язнаи Қосимҷон будааст, лекин ба ин ҷо, ба Зарчашма аз Қосимҷон андаке пештар омада будааст.
– Дар ҳамон ҷо, дар қишлоқи худаш ҳам ҳамин хел шартакигӯ, «тароша» буд, – мегуфт Қосимҷон, – аз забони тезаш ҳама метарсид.
Шокиртароша зану бача надоштааст, дар умраш зан нагирифта будааст.
– Аз гандагиаш зан ёфта наметавонистагист-дия? – гуфтам ман.
Аммо Қосимҷон бо оҳанги мулоим, вале қатъӣ фикри маро рад кард:
– Не, Муллоҳасан, вай одами ганда не. Ту ҳоло ӯро намедонӣ. Ҳамту тундгапи дағал менамояд. Лекин худаш одами дуруст, одами рост.
Ман, ки аз Шокиртароша ғайр аз гапи хунук дигар чизе нашунида будам, бовар накарда пурсидам:
– Чияш дуруст? Агар одами дуруст мешуд, номашро «тароша» мемонданд магар?.

пешина
аз 130
навбатӣ