Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман ҳам бо мароқ ба он тараф нигоҳ кардам.
Дар остонаи чойхона як марди чил-чилупанҷсолаи қадпаст, аммо бакитфу бозуе меистод. Дар зери манаҳаш монанди Чингизхон ҳашт тор риш дошт. Аммо абрӯвонаш ғафсу сиёҳ буда, чун боли фароштурук бар болои қавоқаш хам шуда буданд. Нигоҳи чашмони майдамайдаи тезаш ба ман хеле ҳавобаландона намуд, гӯё аз чойхӯрон ҳеҷ касро назараш намегирифт. Рӯи сабзинаи барҷастаустухонашро тӯри чину оҷингҳои майда пахш карда буд. Ӯ дар тан шиму пиджак дошт, аммо куртааш монанди яктаки деҳқонон пешкушод буд. Ғайр аз ин, аз таги пиджак, аз рӯи тасмаи шимаш рӯймол баста гирифта буд.
Ӯ, ки поҳояшро ба замин васеъ гузошта ва дастонашро аз кисаи пиджакаш нагирифта меистод, сарашро баланд бардошта, чашмонашро нимроғ карда, аҳли чойхонаро як-як аз назар гузарониду ногоҳ бо овози гирифтаи ғафсе, ки ба қади майдаи ӯ ҳеҷ мувофиқат надошт, баланд карда гуфт:
– Салом додем!
Ман дарҳол фаҳмидам, ки чаро ӯро «тароша» номидаанду чаро ҳама хушҳолона табассум карданд: оҳанги саломи ӯ аз табрик дида, ба коҳишу таъна наздиктар буд, гӯё ки аҳли чойхона ҳама дар назди ӯ ягон гуноҳ дошта бошанд.
Баъд ин марди аҷоиб дигар ба касе эътибор надода, ба замин сахт-сахт қадам монда омаду рост ба пешгаҳи чойхона баромада чорзону зада нишаст.
– Қосим! – ба Қосимҷон нигоҳ накарда хитоб кард ӯ бо ҳамон овози баланди ғалатиаш, – якта аз ҳамон чои худҳотон мехӯрдагӣ дам кун! – ва рӯймолашро кушода дар пешаш паҳн кард.
Дар рӯймол як бурдаи калон нон ва андак ҳалвои офтобпарастӣ баста шуда будааст.
Хӯрокхӯрии ӯро дида ҳаваси кас меомад.
Ӯ бо чунон як қиёфаи ҷиддӣ ва бо чунон савлат хӯрок мехӯрд, ки гумон мекардед подшоҳ асту дар пешаш ҳама гуна нозу неъмати ҷаҳонро ҷамъ кардаанд. Вай бо тамкин, саросема нашуда ва ба касе нигоҳ накарда, хӯрок мехӯрд, гӯё ки дар чойхона ғайр аз худи ӯ дигар ягон кас набошад.

пешина
аз 130
навбатӣ