Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо шофер ба ҷои он ки аз кори кардааш шарм дорад, баръакс, дӯғ зада, Қосимҷонро «бекорхӯҷа»-ву «ҳаромхӯр» гуфт ва дар охири гапаш дашноми қабеҳе дод.
Ман мунтазир будам, ки Қосимҷон ҳам муносиби гапҳои ноҳақи ӯ ягон ҷавоби сахт медиҳад. Аммо ӯ танҳо гуфт, ки:
– Хайр, ако, ҳар чӣ гӯед гуфтан гиред. Худо будагист, охир, – ва сарашро хам карда ба кораш машғул шуд.
Баъд ман аз Қосимҷон пурсидам, ки чаро адаби шоферро надода, гунаҳгор барин ба гапҳои ӯ тоқат карда нишаст?
– Чӣ фоида? – оҳ кашида гуфт Қосимҷон. – Агар ман ба гапаш гап мегардондам, аз вай ҳам бадтарашро мегуфт... Мезад, балки... Ман ягон ҳимоятгар надошта бошам, падару модар надошта бошам...
...Қосимҷон ба ман бениҳоят маъқул шуда буд, ман гапҳои ӯ, шеъру сурудхониҳои ӯро дӯст медоштам, ҳатто аз ӯҳдааш набароям ҳам, гоҳо ба гуфтаҳои ӯ, ба мақоли «ба ганда муросо»-и ӯ нигоҳ карда қадам монданӣ мешудам. Вале бо як гӯшаи дилам ҳис мекардам, ки дар фикру ақидаи ӯ, гапҳои ӯ як чизи нодуруст, як чизи хатое ҳаст, ҳарчанд, ки он чизи нодуруст, он чизи хаторо равшан намефаҳмидам ва бо сухан ифода карда наметавонистам.

ШОКИРТАРОША

Шиноси дигари ман Шокир ном як коргари шахта буд, ки дар ғайбаш ҳама ӯра «Шокиртароша» мегуфтанд.
Бо Шокиртароша ман рӯзи аввали ба Зарчашма омаданам шинос шуда будам.
Бегоҳӣ дар назди Қосимҷон омаду рафти чойхӯронро тамошо карда менишастам, ки ногоҳ касе аз як кунҷи чойхона бо овози паст, вале ба ҳама шунавонида гуфт:
– Ана, Шокиртароша ҳам омад!
Аҳли чойхона бо табассумҳои хушҳолона ба якдигар нигоҳ карда гирифта, сарҳошонро ба тарафи зинапояи чойхона гардонданд.

пешина
аз 130
навбатӣ