ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Ҳоли бачаи зарчашмагӣ ҳам аз аҳволи ман монданӣ надошт.
Тағоиям аз ин ҳодиса хабар ёфта хеле хафа шуд, маро хеле сарзаниш кард.
Бегоҳӣ Қосимҷон насиҳатомез гуфт, ки беҳуда бо он бача даст ба гиребон шудаам.
Ман ҳайрон шуда гуфтам:
– Охир, вай мана зад!
Хайр, чӣ шудааст? – маро тамом дар ҳайрат мононда гуфт Қосимҷон. – Як мушт хӯрдӣ – хӯрдӣ-дия! Дар ҷойҳои мо мегӯянд, ки:
«Ман-маниҳо пешаи шайтон бувад. Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад». Охир, худат фикр кун, Мулло Ҳасан: агар ба вай бача намечаспидӣ, на куртаат медарид, на сару рӯят сиёҳу кабуд мешуд, аз Абдулатиф-ако ҳам гап намешунавидӣ. Кадомаш беҳтар?
Ба ин гапҳои ӯ, ки ба ман ҳеҷ маъқул набуданд, чӣ гуфтанамро надониста, аз ӯ пурсидам, ки:
– Шуморо ягон кас як торсакӣ занад, хап мешинед?
Ҳеҷ чӣ намегӯед?
– Ба ганда муросо, – гуфт дар ҷавоби гапи ман Қосимҷон.
Баъд абрӯвони ғафси сиёҳашро ба ҳам кашида, фурсате хаёл карда истоду ба гапаш шарҳ дод:
– «Ҳар кас кунад, бо худ кунад, ҳар он чӣ неку бад кунад». Ҳар кас ба ман бадӣ кунад, як рӯз ҷазояшро мекашад.
– Аз кӣ?
– Аз худаш.
Бори дигар дар чойхона шоҳиди чунин ҳодиса шудам.
Як шофер, ки мӯзааш ба хокаи ангишт ғӯтида буд, бе пӯшт-пӯшт рост ба пешгаҳи чойхона баромада нишаст.
Дар рӯи палоси чойхона, ки як рӯз пеш Қосимҷон ду-се соати дароз овора шуда, дар оби дарёча шуста буд, лаккаҳои калон-калони сиёҳ боқӣ монд.
Қосимҷон сӯхта ба шофер гуфт, ки пояшро тоза карда барояд намешавад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё