ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Шабе аз шабҳо як шеърро фаровард карда, хомӯш шуда буд, ки бо ҳамин мақсад гуфтам:
– Ман ҳам шеър медонам, Қосим-ако.
Қосимҷон, ки хаёл карда монда будааст, пас аз лаҳзае ба худ омада пурсид:
– Чӣ гуфтӣ, Мулло Ҳасан?
Ман гапамро такрор кардам.
– Ку, бихон, ку? – гуфт зиндадилтар шуда Косимҷон.
Ман ҳам сар карда гуфтам:
Баҳор омад, баҳор омад,
Баҳори лолазор омад...
– Куҷо донанд ҳоли мо, сабукборони соҳилҳо! – бо ханда сухани маро бурида гуфт Қосимҷон. – Ҳамин ҳам шеър шуд?
Ман, ки гапам ба даҳонам монда, аз хандаи ӯ ранҷида будам, гуфтам ки:
– Хайр, чӣ буд набошад?
– Э... – гуфта даст афшонд Қосимҷон, – ин ҳамту... барои бачачаҳо гуфта шудагӣ, – ва таклиф кард:
– Ку яки дигар бихон!
Ман лаҳзае фикр карда боз сар кардам:
– Лайли лапонча Дадом деҳқонча...
– Пуфф! – гӯён даҳонашро бо дастонаш пӯшида хандида фиристонд Қосимҷон, – хуб шеършинос будаӣ.
Ин шеър не, ин масхараи шеър, Муллоҳасан. «Лайлӣ лаппонча. Дадом деҳқонча!» Пуфф!.. – боз худашро дошта натавониста ханда кард ӯ.
Гапҳош ҳам аксар ба мисли шеърҳояш буданд.
...Рӯзе дар назди чойхона истода будам, ки як бачаи зарчашмагӣ оҳиста аз пасам омада, ба тахтапуштам як мушт зада гурехт. Ман давида ба ӯ расида гирифтаму як торсакӣ фаровардам, ки бар баногӯшаш рост омад. Бача қафо гашта, аз гиребони куртаам гирифт. Ман бо тамоми қувватам худамро қафо кашидам. Гиребон дарида дар дасти бача монд. Ман ҳам ба гиребони куртаи ӯ чанг задам. Чоки кифти куртааш шатарросзанон канда шуда рафт. Ҳарду ба якдигар часпида, хуб занозанӣ кардем. Як коргари кон, ки роҳгузар будааст, моро ҷудо кард. Боз чанд ҷои сару либосам дарида, дар пешониам ғуррии калоне давида баромада буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё