Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Баланд гуфтааст-а? – гӯён мепурсид боз худаш ва шеъри дигаре мехонд:
Ба рӯзи бекасӣ ҷуз сояи ман нест ёри ман, Вале он ҳам надорад тоқати шабҳои тори ман.
Лаҳзае хомӯш мемонд ва гашта бо гудоз такрор мекард:
Вале он ҳам надорад тоқати шабҳои тори ман.
Аммо хусусан як шеъри хеле дарозро бисёр дӯст медошт ва гаштаву баргашта, гоҳ ба оҳанг дароварда ва гоҳ беоҳанг чунон таъсирнок ва чунон бо сӯзу гудоз мехонд, ки сар то пои ман ваҷаррос зада мерафт:
Чӣ сайдам ман, ки на бисмил шудам, на зеби фитроке.
На аз хунам замин олуда шуд, на домани поке.
Нагоҳамро тамошои гулу гулшан намебояд, Ману дар кунҷи узлат ёди рухсори арақноке...
Қосимҷон метавонист бо як сар карданаш то саҳар шеърхонӣ кунад.
Ман, ки то вохӯрданам бо ӯ ғайр аз якчанд шеъри дар мактаб шунидаам дигар шеъре намедонистам, суруду ғазалҳои ӯро бо шавқу ҳаваси калон гӯш мекардам; суханҳои зебо ва равони он шеърҳо, ки оҳанги сеҳрангезе доштанду касро тасхир мекарданд, ба ман ниҳоят маъқул мешуданд. Дар дили ман чӣ навъ як ҳиссиёти аҷоиберо бедор мекарданд. Вақте ки хониши Қосимҷонро гӯш мекардам, гумон мекардам, ки гӯё дар як заврақи сабуке савораму аз рӯи оби ороми дарёи бузурге секин-секин шино карда, ба кадомин як ҷои дуре равон ҳастам. Он ҷои дур ба назарам як ҷазираи гулу гулзор, сояву салқин, сокиту ором менамуд. Аммо аз чӣ бошад, ки ман он ҷазираи аҷоибро дар лавҳи хаёли худ бе одам тасаввур мекардам; чунин тасаввур мекардам, ки гӯё дар он ҷо ғайр аз худи ман ягон ҷонзоте нахоҳад буд.
Бале, шеърҳои Қосимҷон ба ман таъсир мекарданд, гоҳе ҳатто диламро фишор дода, аз чашмам об мебароварданд. Аммо ҳаминаш буд, ки он шеърҳо ҳама пур аз ғаму ғусса, пур аз нолаву афғон буданд ва баъзан дилам мехост хониши пуряъси Қосимҷонро бурида гӯям, ки якду байт аз шеърҳои дигар, аз шеърҳои бегиряву нола ҳам хонад.

пешина
аз 130
навбатӣ