Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо бештар шеър мехонд.
Қосимҷон шеъру сурудро бисёр медонист. Одатан ӯ сарашро ба рӯи дасташ монда, бо оринҷаш бар болишт такя карда рӯяш ба тарафи ман, чашмонашро пӯшидаву сарашро ба ҳавои суруд ҷунбонида, бо як оҳанги беавҷи кашолдоре оҳиста ба хондан медаромад.
– Ғаму ғусса! – мегуфт ӯ ва лаҳзае хомӯш монда, сурудро аз нав сар мекард:
– Ғаму ғусса ба ҷонам сар ниҳода...
– Ғамму ғусса! – боз хитобашро такрор мскард ӯ ва давом медод:
– Ғаму ғусса зи мӯи сар зиёда, Ҳар он чӣ мекунам аз ғам гурезам, Ғамам чобуксавору ман пиёда.
Аксари вақт, баъд аз хонда шуданаш ин сурудро, аз байни мижгонҳои дарозаш қатраи ашк таровида мебаромад.
Қосимҷон муддате хомӯш монда, аз афти кор, қадаре худашро ба даст гирифта, саросемавор эзоҳ медод:
– Ин ашӯларо ман дар ҳамин ҷо, дар Зарчашма шунавида будам, – ва дар ягон мавзӯи дигар гап зада мерафт.
Аммо дере нагузашта, бо оҳанги аз пештара ҳам аламноктар суруди дигаре мехонд:
Сари сарчашма рафтам ман ба вақте Ба оби дида биншондам дарахте.
Шамол омад, дарахтам решакан шуд, Мани мискин надорам ҳеҷ бахте.
– Инашро аз як китоб хонда будам, – мегуфт ӯ ва боз сар мекард:
«Ҳаргиз лаби аҳли дард хандон набувад, Ҷуз гиря насиби дардмандон набувад.
Дур афканам он дида, ки гирён набувад, Безорам аз он сар, ки парешон набувад».
Баъд сар мекард ба шеърхонӣ:
Сӯзанам – мижгону торам – тори ишқ Бахя бар чоки гиребон мезанам.

пешина
аз 130
навбатӣ