Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дода мегуфтанд, ки аз чойхона оби ҷӯш биёрам ва ё боз ягон кори дигаре мефармуданд. Касе аз онҳо ба сайру гашт ва тамошои ман монеъ намешуд.
Ман одатан дар рӯи тахтасанги калони наздикии шахта зонуҳоямро бо дастонам оғӯш карда, соатҳои дароз рафтуои вагонеткаҳоро тамошо карда менишастам.
Шахта, ки ба як ғори калоне монанд буд, дар болои шаҳрча, дар зери як кӯҳи сурхи бегиёҳе канда шуда буд.
Аз даруни шахта рӯзу шаб як боди сабуки салқине мевазид. Ба шифти шахта қатор чароғҳои электрикӣ шинонида шуда буд, аммо шахта ягон сад қадам рост рафта, баъд ба дасти чап тоб мехӯрд ва маълум набуд, ки он тарафи шахта чӣ хел аст.
Аз миёнаи замини шахта хатти роҳи оҳан кашида шуда буд, ки аз роҳи оҳани ҳақиқӣ дида хеле камбар буду релсҳояш ҳам бориктар буданд. Релсҳо ҳар дам ба ларза омада, паст-паст ҷарангос мезаданд. Баъд дере нагузашта, аз дарун вагонеткаҳое, ки бо шакли худ гаҳвораи парӯгузошташударо ба хотир меоварданд, бо сангпораҳои калон-калони хокистарранг пур шуда мебаромаданд. Аз шахта якбора панҷ-шаш вагонетка қатор шуда мебаромад, ки онҳоро як-ду кас аз коргарон тела дода меомаданд. Вагонеткаҳоро рост ба сӯи завод ронда мебурданд.
Завод бошад, намедонам аз барои чӣ, дар канори дигари шаҳрча сохта шуда буд.
Ман бисёр мехостам, даруни шахтаро ҳам бубинам, бубинам, ки шахтёрон чӣ тавр кор мекунанд, чӣ тавр карда қӯрғошим мегиранд.
Ҳатто якчанд маротиба аз посбонон рухсат гирифтанӣ шуда, даҳан кушодам, аммо боз ҷуръат намекардам, метарсидам, ки посбонон аз густохии ман ба хашм омада, маро дигар ба наздикии шахта ҳам роҳ намедиҳанд.
Ҷои дигари тамошо гаражи автомашинаҳои кон буд.
Гараж каме болотар аз чойхона, дар як сарои калони дарвозадор ҷой гирифта буд.
Мошинҳои кон ҳама ба ҳамин гараж омада медаромаданд. Дар ин ҷо ҳамеша ҷарангоси асбобҳои оҳанин, ғурриши мотор ва мағалу ғавғои шоферон ҳукмфармо буд. Бӯи равғани мошин, бӯи бензин, бӯи ишқор ва оҳан бо ким-чӣ гуна бӯйҳои тези дигар омехта шуда, як бӯи хуши аҷоиберо ташкил медоданд.

пешина
аз 130
навбатӣ