ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Акнун умри ман бештар дар Зарчашма мегузашт.
Дар шаҳр зиёд истода наметавонистам, дилам ҳамеша ба Зарчашма кашол буд.
Ман ба боду ҳавои софу беғубор ва ҷонбахши он, ба кӯҳу дараҳои каб-кабуд ва дилкушои он, ба оби ҳамчу ях сард ва ҳамчун булӯр соф, ба ҳавзу шар-шараҳои дарёчаи шӯхи он дил баста будам.
Меваю сабзавотфурӯшӣ бошад, барои ман як кори нохуш, вале ҳатмие буд, ки бо баҳонаи он ба Зарчашма барин як макони дилхоҳи худ роҳ ёфта метавонистам.
Ман бесаброна интизорӣ мекашидам, ки кай таги ҷӯволи бодиринг ва сабади ангур намоён мешавад ва ҳамин ки тарозуи охирини моли худро баркашида додам, сабуквор нафасе мегирифтаму пулу тарозуро ба тағоиям бурда дода ва бурдаи ноне ба киса андохта, дарҳол аз чойхона ғайб мезадам ва бо ҳамин ғайб заданам аксари вақт то хуфтан нест шуда мерафтам.
Ҳангоме ки мондаву шалпар шуда, бо сару либоси чанголуд ба чойхона бармегаштам, тағоиям бо ҳайронӣ сар чунбонда мегуфт:
– Дар куҷо мегардӣ ин қадар, ҷиянам?
– Тамошо... – мегуфтам ман хамёза кашида.
– Та-мо-шо... – такрор карда мегуфт Абдулатиф-тағо.
– Тамошо... Чӣ ҷои тамошо доштааст ин сангистон?
Аҷаб! – ва чашмони худро, ки дар атрофи мардумакашон рагчаҳои сурх доштанд, калон кушода, лаҳзае андешамандона ба ман нигоҳ карда мемонд, вале зуд ба худ меомаду «бача набошӣ...» гӯён механдид.
Аммо барои ман дар ин «сангистон» ҷои тамошо бисёр буд.
Ман хусусан дар даҳани шахта рафта нишастанро дӯст медоштам.
Посбонони шахта, ки се нафар буда, бо навбат кор мекарданд, маро кайҳо шинохта гирифта буданд, ҳатто баъзан аз ман хоҳиш мекарданд, ки аз дӯкон ба «заборнӣ»-ҳошон1 нон оварда диҳам, ё худ чойникашонро
- Замони ҷанг барои нон ба ҳар кас карточкаи махсус дода мешуд, ки онро дар гуфтугӯ «заборний» меномиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё