ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Маро аҷаб як ҳолате рӯй дода буд. Гоҳ сурх мешудам, гоҳ табассуми озурдадилонаи тағоиямро ба пеши назарам оварда, худро тасаллӣ медодам, ки хайр ҳеҷ гап не, соате нагузашта, ин бодиринги зормондаро фурӯхта тамом мекунаму аз ин кори мушкил халос мешавам.
Ин буд, ки аз ким-куҷо гудоки дуру дарозе шунида шуду бозорча якбора серодам шуда монд.
Аз афти кор, дар Зарчашмаи салқину камофтоб меваю сабзавот намешудааст, ки ҳама худҳошонро ба тарафи бодиринги ман заданд ва бозори ман зуд тасфида рафт.
Тағоиям, ки аз чойхонаи худ тамоми бозорро дида менишаст, серкор шудани маро дида, боз шогирдашро ба ёрии ман фиристод. Ману Қосимҷон дукаса шуда, бодирингро ҳақиқатан дар як дам фӯрӯхта тамом кардем.
Ман пули килои охирини бодирингро дар бағал андохта, қоматамро рост кардаму нафаси озодонае гирифтам ва оби сатилҳоро ба рӯи замини бозор пошида, давон-давон ба хонаи тағоиям рафтам.
Гашти рӯз чойхонаро ба Қосимҷон монда омада, Абдулатиф-тағо пули савдои нахустини маро шумурда баромад.
– Ана, ҷиянам, – гуфт ӯ ба ман меҳрубонона нигоҳ карда, – дидӣ, гиребонаш кам сесад сӯм пул кор кардаӣ.
Сесад сӯм-а! Баъзе бечораҳо барои ин қадар пул шуда як моҳи дароз, дам нагирифта кор мекунанд. Лекин авлиёҳо беҳуда нагуфтаанд, ки ошхӯр ошаша мехӯраду атолахӯр атолааша... Ана акнун, ҷиянам, худат гӯй, ки бекор, саланг-саланг гаштан нағз, ё ҳар рӯз мана ин хел, масалан гӯем, червонҳои миёнаш нашикастагӣ кор кардан? – ва тағоиям хушнудона хандае карду аз қабати дастаи пул якта даҳсӯмаи навро бароварда, дар мобайни ангуштонаш шақаррос занонд.
ЗАРЧАШМА
Ба ҳамин тариқ, ман дар байни Чорчинору Зарчашма чун моку зуд-зуд рафтуо мекардагӣ шудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё