ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Дар миёнаи тӯрба, дар рӯи махорка истакончаҳои хурду калон меистоданд, ки мӯйсафед молашро бо он истакончаҳо чен карда мефурӯхт.
Ҳама чизҳояшонро дар рӯи замин паҳн карда буданд.
Қосимҷон сатилҳоро дар қатори халтаи бачаи семичкафурӯш гузошт.
– Ӯҳӯ, диринг-диринг – бодиринг! – ашӯла барин карда гуфт бача.
– Бодиринги худат аст, Қосим? – пурсид зане, ки аз он тарафи бача менишаст.
– Не, – гуфт Қосимҷон, – аз они мана ин бача.
Ҳама гашта ба ман нигоҳ карданд.
Ман шарм дошта, ба куҷо нигоҳ карданамро намедонистам.
– Савдогарбачаи нав! – гуфт боз ҳамон зан.
Дар оҳанги гапи ӯ ягон тамасхур ё бадхоҳӣ садо намедод, вале аз чӣ бошад, ки ин лақаби муфт ба ман сахт расид.
– Бачаро шарм надоронед, – гуфт Қосимҷон ва ба ман рӯ овард: – тарозуро ин тараф гир, уко! Худат мана ин ҷо ист. Ҳозир танаффус мешавад, дар як дам фурӯхта тамом мекунӣ. – Чунин гуфта Қосимҷон маро танҳо мононда рафт.
Ман ҳамчунин ба замин чашм дӯхта менишастам ва танҳо гоҳ-гоҳ чуръат пайдо карда, ба сӯи бачаи семичкафурӯш бо гӯшаи чашм назар меафкандам.
– Номи ту чӣ? – гуфта пурсид бача.
Ман ба ӯ номамро гуфтам.
– Чӣ будааст номаш? – гӯён ба ман нею ба бачаи семичкафурӯш муроҷиат кард боз ҳамон занак. Баъд, чавоби бачаро шунида бевосита ба худи ман савол кард. Ӯ чандсола, куҷоӣ будани ман, падару модар доштан ё надоштани маро пурсида гирифта, ногоҳ гуфт:
– Ба чойхоначӣ хеш мешавӣ?
Ман гӯё, ки ба Абдулатиф-тағо хешӣ доштан гуноҳ бошад, шармида ва забонам гирифта беихтиёр гуфтам:
– Н-не... ҳамту, шинос…
Худам ҳам намедонам, ки чаро дурӯғ гуфтам.
Занҳо дигар ба ман кордор нашуда, дар байни худ гап зада рафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё