ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Ман бодирингатро ба ин ду сатил андохта мондам, яктоашро ту гирифта бар, дигарашро шогирдам бурда медиҳад.
Ман ҳозир ба бозор фаромада будам, ки нархи бодирингро фаҳмида биёям, не, дар бозор бодиринг набудааст, аммо дина дувоздаҳсӯмӣ савдо шуда будааст. Ту ҳам дувоздаҳ сӯм гӯй.
– Дувозаҳ сӯм? – ҳайрон шуда пурсидам ман.
– Ҳа, дувоздаҳ сӯм, – гуфт тағоиям. – Ту чандпулӣ фурӯхтанӣ будӣ?
Ман хаёл карда гуфтам:
– Бисёр қимат намешавад?
Тағоиям хандида гуфт:
– Зан гирӣ, занат мезояду, ҷиянам, лекин ҳоло ҳам баъзан гапҳои бачагона мезанӣ-дия. Ту дувоздаҳ сӯм гуфтан гир, ба он тарафаш корат набошад.
Абдулатиф-тағо рафта шогирдашро, ки Қосимҷон ном доштааст, ба назди ман фиристод.
Қосимҷон як бачаи тахминан ҳабдаҳ – ҳаждаҳсолае буда, ришу мӯйлабаш баромада буд. Вай тӯппиашро ба сараш якшоха гузошта, як даста мӯи қатронрангашро аз тӯппӣ берун бароварда монда буд. Аз зери абрӯвони ғафси сиёҳаш як ҷуфт чашмони калон-калони оҳумонандаш ба кас меҳрубонона нигоҳ мекарданд. Аммо дар нигоҳаш як ҳузн, як ғамгинӣ ҳам ҳис карда мешуд. Дастонаш ҳам мувофиқи қадаш дароз-дароз буда, қариб то зонувонаш мерасиданд. Панҷаҳояш аз гарди ангишт сиёҳча метофтанд. Майкаи сурхи беостинаш аз арақ шӯр зада, доғҳои сафед пайдо карда буд.
– Ҳа, уко, дуруст ҳастӣ? – гуфта ба ман даст дод ӯ ва ҳарду сатили калон-калони вазнинро осонакак аз замин бардошта, «рафтем» гӯён аз дар баромад.
Ман ҳам сангу тарозуро бардошта аз паси ӯ равон шудам.
Дар бозорча, ки ягон сад қадам дуртар, дар рӯ ба рӯи айвони чойхона будааст, танҳо панҷ-шаш зану як мӯйсафед ва як бачаи тахминан ҳамсинни худамро дидам.
Занҳо ширу тухм бароварда будаанд. Бача – семичка.
Мӯйсафед бошад, дар пеши худ як турба махоркаи «самосад»-ро гузошта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё