Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пас аз хеле роҳ гаштан ба сари дӯнгӣ расидем ва ман якбора дар зери пои худ як дараи хеле васеъ ва сабзу хуррамеро дидам, ки дар ҳар ҷояш иморатҳои якошёна ва дуошёна бино ёфта, аз дудкаши як бинои калони сертирезае, ки бояд завод ё фабрика бошад, дуди ғафси сиёҳ мебаромад. Дар ягона кӯчаи шаҳрча мошинҳои бисёре дар рафтуо буданд. Аз як канори дара дарёчаи пурпечутобе мегузашт.
Тағоиям лингаро ба замин монда арақи пешониашро пок карду гуфт:
– Ана, Зарчашма.
САВДОИ НАХУСТИН

Чойхонаи Абдулатиф-тағо дар ҷои баландтарин ва хушҳавотарини шаҳрча воқеъ гардида буд. Маркази шаҳр ҳам гӯё ҳамин чойхона буд. Бозорча ва ду-се дӯкони шаҳрча дар атрофи чойхона ҷой гирифта буданд. Автомашинаву аробаҳо ҳам дар пеши чойхона омада меистоданд, ё аз ҳамин ҷо ба роҳ мебаромаданд.
Чойхона, ки дар бинои калони айвонмонанд ҷой гирифта буд, танҳо як самовор дошт, ки тахминан панҷ сатил об мебурд. Чойхонаро аз мобайн ба ду суфаи дарозрӯя ҷудо карда, бар рӯи суфаҳо палосҳои қирғизӣ андохта буданд, аммо палосҳо чунон тагипо шуда буданд, ки ранги аслиашон шинохта намешуд. Дар поёни чойхона, дар назди даромадгоҳ як столи дарози тахтагин ва харакҳо гузошта шуда буданд. Ягона девори чойхона гӯё ба ҳамин наздикӣ сафед карда шуда буд, аммо ба ғайр аз як алвони дарози рангпарида, ки ба рӯяш шиори Якуми Май нақш ёфта буд, дигар ягон ороише надошт. Аз пеши чойхона як ҷӯйчаи шилдиробае мегузашт.
Хоначаи тағоиям ҳам дар ҳамин ҷо, дар паси чойхона буда, дараш аз тарафи дигар, аз кӯча буд.
Сару либосамро аз хоку чанги роҳ тоза карда ва дасту рӯямро дар ҷӯйча шуста, баргашта ба хоначаи тағоиям омада будам, ки ӯ гуфт:
– Ҷиянам, вақт ғанимат, ҳозир танаффуси коргарон мешавад, ту мана ин сангу тарозуро гиру бодирингатро фурӯхтан гир. Зормонда бодиринг як чиз, ки "агар даррав нафурӯшӣ, обаш парида, сабук шуда мемонад...

пешина
аз 130
навбатӣ