Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар гараж ҳамеша як гурӯҳ бачагон ҷумбуҷӯл карда мегаштанд. Онҳоро касе намеронд ё сарзаниш намекард.
Як қисми ин бачаҳо шогирдони шоферҳо, ё худ, чӣ тавре ки мегуфтанд, «стажор» буданд. Аммо аксарияти зиёдашон на стажор буданд ва на бо шоферон ягон хешӣ ва ё наздикӣ доштанд..
Ин қисми бачагонро танҳо ишқи пурзӯри мошин ба ин ҷо гирифта меовард.
Онҳо доимо тайёр буданд, ки бо ягон коре ба шоферон ёрӣ расонанд: дар баки мошин бензин резанд, радиатори мошинро аз об пур кунанд, дастаки домкратро болою поён карда, мошинро (мошини ростчакинро!) аз замин бардоранд, мурвати чархҳоро тоб дода кушоянд, ё сахт кунанд, латтапораеро ба даст гирифта, мошинро аз буфераш сар карда то чароғҳои сурхи ақибаш тоза кунанд, оинавор ҷило диҳанд.
Шоферон, ки мардуми дағалнамо, вале ҳама боқуввату паҳлавонпайкар, ба назари бачагон аз Худо ҳам бузургтар менамуданд, низ ба дастиёрии шогирдони ихтиёрии худ монеъ намешуданд, балки баръакс, бо онҳо ба тарзи ҷиддӣ, чун калонсол бо калонсол гапзанон мекарданд, ба саволҳои онон аксар ҷавобҳои муфассал ва саҳеҳ медоданд, ҳатто гоҳ-гоҳе ягон бачаи бахташ тофтаро, ки аз шодиву сурур ба куртааш намеғунҷид ва аз зӯрии ҳаяҷон то зери гӯшҳояш суп-сурх мешуд, ба шаҳр бурда меоварданд.
Ман ҳам мехостам монданди ҳамин бачагон ба шоферон ёрӣ диҳам, бензин оварам, об андозам, мурватҳои чархро тоб диҳам, мошинро пок кунам, аммо чизе буд, ки ба мисли девори баланд, вале ба назар нонамоён маро аз бачагони дигар ҷудо мекард ва ман бештар аз онҳо дар канор, аксари вақт дар таги девори сарой рост меистодам ва бисёр кам тасодуф меафтод, ки шоферон ба ман ҳам ягон коре фармоянд.
Аммо бо вуҷуди ин ман ба ин сарои бузурги серғавғо омаданро дӯст медоштам.
Завод ҳам хеле ҷои тамошо буд. Вале ман ба он ҷо кам мерафтам.

пешина
аз 130
навбатӣ