Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Барои намуна метавон шеъри «Гилембоф»-ро ёдоварӣ кард, ки дар, он ба иқтизои мавзўи интихобшуда шоир тасвирро асос қарор дода, дар офаридани нақшу нигори як гилем раванди ташаккули кишварашро, сурату симои мушаххас пайдо кардани мамлакаташро шоирона баён намудааст:

Нақш мебаст духтарак ба гилем, Аз даҳ ангушти ў чакида ҳунар.
Месарояд суруди нарму ҳалим 3-он муҳаббат, ки ҳаст бахтовар.

Шохи олу ба хона кард нигоҳ,
Гашт мабҳут аз таронаи ў,
Рехт гулҳои хешро ногоҳ
Рўи қолин, ба пеши дасти накў...

Он гуна, ки аз ин шеър мулоҳиза мекунед, устод Боқӣ Раҳимзода дар шеъру шоирӣ фурўтан ва хоксор буданд. Вале ҳарчи ки мегуфтанд, табиӣ ва самимӣ буд. Дар зиндагӣ ва рўзгори шахсии худ онро таҷриба карда буданд. Аз коргари одии корхонаҳо, то яке аз шахсиятҳои масъули фарҳангӣ ва адабии ҷумҳурӣ дар ҳар вазифае, ки бар ўҳда доштанд, ҳамеша худро хидматгузори ин халқ ва ин миллат ва ватан эҳсос мекарданд, ҳамеша ғами ояндаи онро мехўрданд.
Чун дар ин маҷмўа ҳама анвоъи ашъор ва манзумаҳову достонҳои устод гирдоварӣ ва дар дастраси шумо гузошта шудаанд, казовати онро ба шумо ҳавола мекунам.
Аммо аз бузургвории устод ҳар чи гўям кам аст.
Баъд аз фавти Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода дар мурури як сол устод Боқӣ Раҳимзода сахт бемор буданд, бемории қанд, бемории гангрен, вале изҳор намекарданд.
Танҳо як бор, ки бо ҳам будем гуфтанд:
Мўъминшоҳ, ин тарафаш худат эҳтиёт шав. Ҳайф, намедонам туро ба кӣ монда равам.
Дар ин вақт ман райиси Иттифоқи нависандаҳо, барандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шўравӣ ва номзад ба намояндагии Шўрои Олии СССР будам.
Бузургии инсонро ҷўед ва дарёбед!

Мўъмин ҚАНОАТ,
Шоири халқии Тоҷикистон

пешина
аз 163
навбатӣ