Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

То аз навои хештан дар гулшани фарзонагӣ
Бо булбулони кўи шавқ аз бўи гул эҳсон кунем.

Бо вуҷуди ин унсу ошноӣ ва шефтагӣ ба адабиёти куҳан.
устод Боқӣ Раҳимзода ҳамеша ба мо – шоирони ҷавон таъкид мекарданд. ки бояд сухани мо тоза ва навоварона бошад.
Ёд дорам, боре дар Душанбе гардиш мекардем ва эшон сари суҳбат дар ин мавзўъ, ки мавриди хитоби ҳамешагияшон буд, ба сўи сохтмонҳои якошёна ва қадимтари шаҳр ишора карда мегуфтанд, ки ашъори мо мисли ин сохтмонҳо аст, сода ва одӣ, шеъри шумо бояд мисли сохтмонҳои нав бошад ва дарҳол ба сўи сохтмонҳои нави чандқабата ишора мекарданд – баландтар ва бо тарҳи наву муосир.
Вале худашон бо ин тавсия иктифо намекарданд ва амалан ҳам дар таҷрибаи эҷодии худ намунаҳои навоваронаеро эҷод карда, нишон медоданд, ки агар бихоҳанд, метавонанд ашъори комилан нав бигўянд, вале риояи сабки насли худро барои худ бештар салоҳ мебинанд. Аз ҷумла ман пас аз иншои суруди машҳурашон бо номи «Дар лаби обе» аз устод пурсидам, ки ин шеърро чӣ тавр эҷод кардаанд, чӣ ангезае боис шуд, то чунин шеъри барои он замон навоваронае рўи сафҳа биёяд? Аммо устод танҳо табассум карданд ва чизе нагуфтанд.
Умуман, метавон гуфт, ки устод Боқӣ Раҳимзода дар эҳсоси мусиқӣ ва бадеҳагўӣ камназир буданд. Дар баробари он ки ашъорашон ҳамеша саршор аз оҳанг ва мусиқӣ буд, метавонистанд дар як фурсати кўтоҳ мутобиқ ба ҳар оҳанге шеъри муносибро эҷод ва дар пайкари мусикӣ бо таносуби комил ҷой кунанд. Аз ин рў замоне, ки хабари пирўзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ расид ва мебоист дар як шаб суруди мўҳташами пирўзӣ бо оҳангу шеъри муносиб эҷод шавад, ин вазифаи бузург ва пурмасъулият бар ўҳдаи устод Боқӣ Раҳимзода ва оҳангсози тавоно Зиёдулло Шаҳидӣ гузошта шуд.
Субҳи барвақти он рўз суруди «Иди Зафар муборак!» бо тантана аз радиои ҷумҳурӣ садо дод, ки ин танатани истеъдоди шоир ва оҳангсоз ҳам буд.
Сурудҳои устод Боқӣ Раҳимзода ба хазинаи тилоии фарҳанги милии мо ворид шудаанд ва то имрўз ва дар оянда низ аз беҳтарин сурудҳои мо хоҳанд буд. Имрўз ҳам сурудҳое чун «Тоҷикистонам», «Республикаи ман», «Халқи бузургворам», «Душанбе», «Гули садбарг», «Дорад ҳавас», «Дар лаби обе», «Дигар марав» ва ғайра чун суруди имрўз садо медиҳанд ва дили шунавандаро тасхир мекунанд.
Дар баробари мазмун ва маъно ҷанбаи дигаре, ки дар шеър аҳамияти зиёд дорад тасвири шоирона аст, ки дар ин замина ҳам дар ашъори устод Боқӣ Раҳимзода намунаҳои барҷаста, тасвирҳои мукаммал ва тозаи шоирона кам нестанд.

пешина
аз 163
навбатӣ