Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ШЕЪРҲО
РЕСПУБЛИКАИ МАН

Дари дилро ба рўят во намудам,
Туро дар дидаву дил ҷо намудам.
Ба ҷисму ҷони худ маъво намудам,
Ба васфат шеъри нав иншо намудам.

Дилу дилдор, республикаи ман,
Ба шўҳрат ёр, республикаи ман.

Ба гардун сар кашида кўҳсорат,
Зарафшон даштҳои беканорат,
Хурўшон наҳрҳои нуқраворат,
Зафарманд аст халқи номдорат.

Дилу дилдор, республикаи ман,
Ба шўҳрат ёр, республикаи ман.

Кашад хуршед аз Боми Ҷаҳон сар,
Зи Норак нур гирад моҳу ахтар,
Зи дасти қудрати ёру бародар
Шавад симои ту ҳар лаҳза дигар.

Дилу дилдор, республикаи ман,
Ба шўҳрат ёр, республикаи ман.

Шуда машҳур қолини Хуҷандат,
Фаровон меваҳои мисли қандат,
Танинандоз Вахши дилписандат,
Намуда назди ёрон сарбаландат.

Дилу дилдор, республикаи ман,
Ба шўҳрат ёр, республикаи ман.
ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.
Шудам сарсабз дар оғўши меҳрат,
Чу дил дар синаам ҷоӣ, Душанбе.

Ба гирдат ҳалқа баста кўҳсорон,
Туро гардида ҳомию нигаҳбон.
Ҳамеша то ки бошӣ сабзу хуррам,
Зи дил ҷорӣ намуда чашмасорон.
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

Бароҳат дар канорат менишинам,
Зи чойи «Роҳат»-ат роҳат бубинам,
Зи рангу рўи дилбарҳои шўхат
Гаҳе садбаргу гоҳе лола чинам.
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

Саҳаргоҳон, ки хуршеди мунаввар
Зи рўи Боми дунё мекашад сар.
Чунон ки бар сари зебо арўсе,
Бипошад бар сари ту зевару зар.
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

Ба шаб рўи фазоят мисли шир аст,
Ба рўят қурси маҳ гўё фатир аст.
Ғазалхон Боқии дилдода гўяд:
Шабу рўзат мусаффо, беназир аст.
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

пешина
аз 163
навбатӣ