Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар иртибот ба кори эҷодӣ – навиштани чи асарҳои бадеӣ ва чи публитсистӣ – Саттор Турсун на ба ҷони худаш раҳм мекунад, на ба ҷони дигарон. Зеро мақоми суханро аз ҳама боло медонад; саҳлангорӣ ба ин зоти муқаддас, – мегўяд вай, – на камтар аз хиёнат аст. Нависанда дар як сўҳбаташ иброз дошта буд, ки каломро вуҷуди зинда меҳисобад ва касе агар мехоҳад ба нияти бад аз он истифода барад, ҳатман ҷазо мебинад. Аз ҷониби худи ҳамон калом... ё Сухан, ки аслан ҷон дорад, мешунавад, эҳсос мекунад... Бинобар ин вай аз аввал дар таълиф ва ҳатто таҳрири иншои ҳамқаламон, ба хусус дар замони фаъолияти бардавомаш (20 сол!) дар маҷаллаи «Садои Шарқ», як хел ва пайваста ҷон мекоҳонд. Мегўянд аз ин сахтгириҳо баъзе муаллифон ба дод омада, ахир гурезон мешуданд. Шояд намефаҳмиданд, ки дар кори эҷодӣ барои ў тафриқи чизи асосиву ҷузъӣ вуҷуд надорад. Дар сари ҳар калимаву ибора, ҳар нуқтаву вергул тааммул зарур аст.
Чанд сол қабл аз ҷониби ҳафтаномаи «Чархи гардун» ба Саттор Турсун мусоҳибае анҷом додам. То он маврид мо аз наздик шинос набудем, нахустин бор мулоқот мекардем. Пас аз сўҳбат нависанда таъкид намуд, ки пеш аз чоп мехоҳад ба матн ошно шавад, то иштибоҳе наравад. Аслан одати вай ҳамин аст, – дар кулли мусоҳиба ва мақолаҳояш, ки рўзномаву маҷаллаҳо интишор медиҳанд, бояд зарбу ҳаракати ҳар як вожа, гуфтори ба худаш хос, пайванду оҳанги ҷумла ва ҳатто аломатҳои китобат ҳатман риоя гарданд. Банда аз таҷрибаи рўзноманигорӣ медонам, ки на ҳар адиб дар муносибат ба журналистон чунин серталаб аст. Хулоса, он сўҳбатро ба рўи коғаз оварда, қабл аз чоп ба дасти нависанда додам. Вай табъи дил калимаву ибораҳоро пешу қафо бурда, ё ба дигаре иваз намуда, баъзе ҷумлаҳоро аз нав сохта, матнро пурра таҳрир кард. Ман ба идораи ҳафтанома баргашта, ба кори ў шинос шудам ва як-ду вергулро беҷо пиндошта, хотирҷамъ хат задам. Баъде ки мусоҳибаи мо ба табъ расид, Саттор Турсун аз тариқи телефон барои таваҷҷўҳи нашрия изҳори сипос намуда, дар охир аз «нохост гум шудани як-ду вергул» афсўс хўрд. Ва ин ба ман дарсе ҳам буд.
Мисоли дигар: соли 2003 ба нависанда муҳовараи адиби ҷавон Муродалии Ҷаббор ба табъ расид. Ман он вақт дар ҳафтаномаи «Чархи гардун» котиби масъул будам. Пас аз интишори сўҳбат як саҳар аз номи Саттор Турсун мактуби кўтоҳе гирифтам: «Равшанҷон, додари азиз! Ташаккур – мусоҳиба чоп шудааст. Аммо ба ғалатҳои зиёди намедонам вобаста ба куҷо ё кӣ – идораи «ЧГ», балки ислоҳи худи Муродалӣ...

пешина
аз 551
навбатӣ