МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ва талх гирист.
Шояд ба ёди падараш, ба хотири бародараш, мумкин аст ба ҳоли худаш, ё эҳтимол – кӣ медонад? – умуман ба марги номаш фарзанди одамизод...»
Ҳоло гуфтан ҷоиз аст, – дар хусуси ҷанги шаҳрвандии мо, ки бадбахтона дар оғози солҳои навад сар зад, адибон то кунун ба таҳқиқи бадеӣ нарасидаанд. Чизе баён дошта бошанд ҳам, ба назар иҷмолӣ буд. Аммо Саттор Турсун дар ин мавзўъ чанд ҳикояи бақувват навишта, дар китоби худ «Санг дар бағал ба тўфон» манзури хонанда гардонд. Ба ман алалхусус «Лаблаби ҷар», ки зикраш дар боло рафт, хеле писанд омад. Дар ин ҳикояи бавусъат тарзи баён ва масъалагузорӣ басо ҷолибанд. Умедворем доир ба муқовимати накбатборе ки ба ҷомиаи мо нахуст зарарҳои зиёди маънавӣ овард, минбаъд адиб ягон асари калонҳаҷм менависад. Вале дар ҳамин ҳикоя низ ў тавонистааст сабаби он даргириҳоро аз қабили мансабталошӣ, дурўягӣ, тарсуӣ, бетарафӣ, таассуби динӣ, аз фурсат истифода карда, ба тохт омадани гурўҳҳои ҷинояткор ва ғайра... дар рафтору гуфтор ва андешаи персонажҳо устодона ба таҳлил гирад.
Саттор Турсун на танҳо дар насри бадеӣ, ҳамчунин дар иншои асарҳои публитсистӣ низ дасти қавӣ дорад. Ба фикри банда ин шохаи адабиёт дар шинохти ҳақиқат на камтар аз раман ё қисса хидмат мекунад. Имрўз дар байни нависандагони мо ба нудратанд нафароне ки муносибати худро ҳам доир ба масъалаҳои адабиёт ва ҳам ба рўйдодҳои сиёсиву масоили иҷтимоӣ мисли Саттор Турсун огаҳона, дар ҷасорат ва бамағзу маънӣ баён намуда, мардумро ба домани андеша баранд. Ба назар чунин мерасад, ки вай, азбаски нисбат ба худ хеле серталаб аст, дар интишори китобҳояш ҳеҷ гоҳ шитоб накарда, мехоҳад фикрашро вобаста ба зуҳуроти зиндагӣ сари вақт дар эссеву мақола ва сўҳбатҳо ба журналистон изҳор намояд. Иншои публитсистии адиб, ки бештар дар рўзномаву маҷаллаҳо чоп шуда, тавассути радиову телевизион садо медоданд, асосан дар се китоби ў – «Дарахти ҳазорсола», «Санг дар бағал ба тўфон» ва «Зимистони умр» гирд омадаанд. Пас аз мутолиаи онҳо кас ба дунёи рангину ҷаҳонбинии фарох, чашми ҳақшинос ва дониши фарогири нависанда қоил нашуда наметавонад. Таълифи ў одитарин хонандаро низ бетараф намонда, ба андеша водор намуда, каме бошад ҳам, муносибаташро ба ҳаёт, аҳволи ҷамъият, муҳити зист, ҷойгоҳи адолат, дар маҷмўъ ба одаму одамият тағйир медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё