МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Хуб, дар Тоҷикистони мо аслан ҳамин тавр аст корбандии матбуот. Тоқат мебояд. Бо вуҷуди ин дар шумораи оянда, то хонандагон духўра нафаҳманд, тасҳеҳ додан лозим (ғалат шояд аз мусаҳҳеҳ бошад) ба маънии: «Аз сутуни чорум дар суоли мусоҳиб ибораи «нависандаи халқӣ» хонда шавад «нависандаи ҳақиқӣ»... Ба эҳтиром ва арзи сипос – С.Турсун».
Ҳоло фикр мекунам хидмати содиқона ба адабиёт, ба забони модарӣ, дар маҷмўъ ба рушди фарҳанги миллат аз ҳамин гуна ҷузъиёт низ ибтидо мегирад. Ҳар як адиб ё рўзноманигор, умуман касони қаламкаш нисбат ба навиштаҳои худ ва ҳамкасбон чунин сахтгир бошанд, адабиёти мо бешак ғанӣ мегардад, забонамон покизаву бегазанд мемонад...
Адиби машҳури рус Юрий Бондарев мегўяд: «Аз қисмат бахту комёбӣ маталаб. Фақат хоҳиш бикун дар ҷодаи бартараф сохтани душвориҳо қувват диҳад». Саттор Турсун низ аз сарнавишт саодати зиёд намехоҳад. Доду надоди онро якгуна ва батаҳаммул қабул дошта, мекўшад танҳо муҳаббаташ ба сухан коста нагардад, дилаш ҳамвора гарм бошад. Бинобар ин, ҳарчанд то зарур наояд, ҳудаву беҳуда аз боби адабиёт, алалхусус аз навиштаҳои худ ва нақшаи эҷодиаш ҳарф намезанад, баъзан дар ҷавоб ба суолҳои гаҳу ногаҳ нимшўхӣ ба забон меорад: умр агар бевафоӣ накунад, саломатӣ агар гурезпо нашавад... Мо имони комил дорем, ки вақте ин ҳар ду дар ҳақиқат меҳрубон бошанд, нависандаи тавонои халқ минбаъд ҳам ба асарҳои пурбори хеш дарёи суханро шодоб хоҳад кард.
Равшани Махсумзод

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё