Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

СЕ РЎЗИ ЯК БАҲОР
Роман
Дигар мижа таҳ карда натавониста, пиразан дар торикии хона гўё нафасгардон мешавад. Хаёлаш, ки дили афсурдаи ў чун дар ҳама рўзҳои беморӣ ба азоб ва ноором тапида, охирин лаҳзаҳои умрашро ба ҳисоб мегирад. Бистар ҳам акнун нармӣ надорад. Пиразан тобу тоқатро аз даст дода, базўр мехезад ва каме нафас рост карда, дари хонаро оҳиста мекушояд. Саҳни ҳавлӣ равшан – моҳ баромадааст. Аз канори деҳа кадом саги бедор паст-паст меҷакад. Боди сабук ба шоху барги дарахтон печида, онҳоро гўё аз сайри худ огоҳ месозад. Бо вуҷуди ин шаби тирамоҳ сокит аст. Пиразан, саропояш аз бемадорӣ ларзида, дар айвони дароз ба эҳтиёт қадам мемонад; то касеро бедор накунад, аз пеши тирезаҳо мисли соя бесадо мегузарад. Аммо ҳамин ки пой дар зинаи сангин гузошта, ба рўи ҳавлӣ фуромадан мехоҳад, аввал ғиҷироси дар ва пас овози набераашро мешунавад.
– Бибиҷон...
Пиразан оҳиста тоб хўрда, ба қафо менигарад. Наберааш дар шитоб наздик шуда, аз китфони лоғари ў ба шафқат медорад.
– Хобатон набурд?
– Дилам заъф кард, духтарам.
Вай ба ҳимояти наберааш зинаҳоро фуромада, дуртар аз дарахти себ, ки ҳанўз меваашро начидаанд, дар як гўшаи кати чўбин менишинад. Осмон ба сараш бедареғ нур мерезад. Сафед, мулоим ва шири навдўшида барин гарм аст анвори маҳтоб. Пиразан дар партави он ба чеҳраи гулгуни наберааш чашм давонда, чунон ки дар миёни меғ бошад, хирахира ҷавонии худро мебинад. Фақат як лаҳза... Баъд дили қадре оромидааш дафъатан ба шўр омада, боз ноҳамвор метапад; гўё ба ҳар як зарби вай андаруни сина... номи чанд нафар азизтарин инсон – ҳоло ҳам аз дарду доғ ва ёдҳо ҷигарполуда аст ў! – гоҳ башиддат, гоҳ суст такрор мешавад. Пиразан чашмонашро пўшида, ба садои таҳдидноки он гўш медиҳад. Шаби тирамоҳ сокит. Хишироси барги дарахтон ва тап-тапи қалби парешони ўро, ки паёпай берун меҷаҳанд, боди сабук омехта ба ҳам зери болҳои худ гирифта, аз боғ ба боғ мебарад.

пешина
аз 551
навбатӣ