МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Моҳи пурра яксон нур мерезад. Дар ин сукунати бавусъату равшании мулоим хотироти пиразан бештар зинда мешавад. Вай зери лаб пичирос мезанад:
– Бибикалонат, раҳматӣ модарам... мегуфт, ки Сабоҳат, духтарам, душвор аст зиндагӣ; осон не ба фарқи сиёҳу сафед расидан!
Пиразан инро ба забон меораду хомўш мемонад. Ба назар чунин метобад, ки саропо гўшу ҳуш гардида, аз дуриҳои дур як овози... не-не, чанд овози қаринро шунидан мехоҳад.
Наберааш дастони шахшўли ўро дар байни кафҳои гарму нармаш гирифта, беозор мемолад. Қурси моҳ дар осмони бекарон гардиши ҷовидонаи худро идома медиҳад.
1 Нисфи шаб дарвозаро хеле кўфта ва ниҳоят ўро аз хоб бедор карда, дар як нафас гуфтанд, ки зуд ба идораи райком равад: Амонов ва сардори милиса дар раҳаш интизоранд, – дер намонда равад. Анвар ба маънии «боз чӣ воқиа рўй дода бошад?» китф барҳам кашида, аз таки борони баҳор, ки ҳало дамаш паст шуда, маҳин ва дилнишин меборид, ба хона даромад. Дар равшании хираи чароғи карасин ўро модараш Соро-хола пешвоз гирифт. Нигоҳаш баизтироб буд, дар чеҳраи пиронааш як олам таҳлука акс дошт.
– Шумо ҳам хестед? – беихтиёр табассум карда, андак парешон пурсид Анвар. Ва ҷомаи алачаро, ки аз китфаш лағжида, қариб меафтид, ба мехи девор овехт.
– Ҳа-а, безобита шудам.
– Ба ҳар гуна хаёлҳо нарафта, осуда хоб кунед, – гуфт Анвар, ки худ дар ташвиш менамуд.
Аз кўҳнаҷомаи писараш ба димоғи пиразан бўи борон, бўи сабзаву замини шодоб расид.
– Дар ин бемаҳал вай кӣ буд?
– Навбатдори райком, – ҷавоб дод Анвар ва баъд, яқин дар ҳаяҷон мондани модарашро пай бурда, ба тамкин илова намуд: – Шумо беқарор нашавед, оча, ягон кори таъҷилӣ баромадагист. Ҳарвақта барин...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё