Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шавҳараш деҳқони чоряккор буд – ба қисме аз заминҳои ҳоҷӣ Азиз Матин ҷаву гандум кишта, барои оилааш зоди зиндагӣ меёфт. Падару бобоёни ў низ ба даргоҳи аҷдоди ҳамин бой заҳмат кашида, алоқадри ҳол рўз мегузаронданд. Шермалик занашро ниҳоят дўст медошт. Боре нашудааст, ки ба вай ягон сухани носазо гуфта бошад. Ҳамеша «гули зебоям, модари бачаҳоям...» – гўён аз таҳти дил навозиш мекард.
Онҳо панҷ фарзанд диданд. Лекин се писари аввалашон ҳатто яксола нашуда... нобуд гардиданд.
Баробари ҳамсараш Шермалик бисёр ғам мехўрд. Модари вай ҳам, ки зани меҳрубоне буд, кулли аламаш дар замир, аз паи илоҷу дармон мегашт – назди фолбин мерафт, мулло оварда, дуо мехононд; аз дасти Соро гирифта, ҳамроҳ ба зиёрати мазори азизу авлиё мебурд, дар оби чашмаҳои шифобахш ғусл мекунонд, ба сияҳгил меандохт... Пайваста дили ўро бардошта, модарвор мегуфт, ки худашро азоб надиҳад, ҳоло ҷавон аст; худо агар муносиб донад, қатор-қатор духтару писари солим мебинад.
Ҳамин гуна як зани ҳалим ва дурандеш буд марҳум хушдоманаш!
Ниҳоят фарзанди чоруми онҳо ба дунё омад. Духтар буд вай. Ба ёди модаркалони Шермалик Сабоҳат ном доданд ба кўдак. Ва авлиёву анбиё оҳашонро шуниданд магар, ки духтарча сиҳат-саломат аввал ба як даромад, сонӣ ба ду... Сесола шуда буд, ки Анвар таваллуд ёфт. Вай ҳам оҳиста-оҳиста қувват гирифта, забон мебаровард; ширин механдид, ғалтидаву хеста, ба по гаштан меомўхт.
Онҳо, зану шавҳар ва хушдоман, ҳай шодӣ мекарданд.
Камбағалии худро фаромўш намуда, дар гирди Сабоҳату Анвар парвона мешуданд.
– Гули зебоям, модари бачаҳоям... – мегуфт Шермалик, дилаш боғ-боғ шукуфта.
Аз муомилаи хушу чеҳраи ҳамеша хандони ў дар кулбаи фақиронае ки доштанд, равшанӣ гўё бештар мегардид. Вале ҳангоме Анвар нав ба панҷ қадам мегузошт, парвардигор ҳамин рўзи неки онҳоро зиёда донист; ба фарзандонаш умр доду шавҳарашро ба хоки гўр кашид. Соҳиби сари вай Шермалик ҳамдасти Усмон Азиз ва Қурбон ном хизматгори ў охирҳои тирамоҳ ба бозори Қаршӣ як олам гўсфанд бурда, дар бозгашт – агар гапи Қурбон рост бошад – аз ҷар парида, ба ҳалокат расид.

пешина
аз 551
навбатӣ