Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ғами марги бародарро бародармурда медонад гуфта, Усмон Азиз, дар лабонаш мўҳри сукути гарон, ба дарди худ чун дар кафан печида, дарун-дарун месўхт. Вале санги сарди андўҳашро қатъан ба одамон нишон намедод. Ҳукумати шўро хеле замину чорвояшро гирифта, дар байни камбағалон тақсим карда бошад ҳам, аз дари шикоят ҳаргиз даҳон намекушод. Ба умеди «рўзе мерасад» дилашро бақуввату сарашро баланд медошт. Ва интизорӣ мекашид.
Интизор буд, ки оқибати ин корҳо, худо хоҳад, ба коми ў меанҷомад.

6 Баъде ки Анвар субҳ надамида, дар табъи хира ба хонааш як қадам монду каме тўшаи раҳ гирифта, боз шитобон баромада рафт, Соро-хола дигар хоб карда натавонист. Хаёлаш ба сад кўй сар халонда, аз барои писараш ғам мехўрд.
Метарсид, ки мабодо ба вай – охир, олами ҳодис гуфтаанд – ягон фалокат рух диҳад. Аз рўзе ки порсол Анвар ба кадом деҳаи дур калхозсозӣ рафта, тахмин пас аз як ҳафта ба ранги паридаву дасти шикаста баргашт, Соро-хола дар аксар ҳолатҳо изтироб мекашад. То аз кор омадани писараш ҷои нишаст намеёбад. Вай агар дар сафар бошад-ку тамоман бетоқат шуда, хобу хўрро ҳам гум мекунад.
Ҳоло низ ў дар банди таҳлука аст. Авлиёву анбиёро ба хотир оварда, аз даргоҳи парвардигор талаб дорад, ки ба ягона писараш осеб нарасад; тақдири Анвар ба мисли тақдири раҳматӣ падараш, ки рўзи биноӣ надида, ахир дур аз Нилу асири марги муфоҷо шуд, бадфарҷом набошад... Кошкӣ тезтар зан мегирифт, фарзанд меёфт, ба айёми пирӣ расида, рўҳи модарашро шод мекард; умри қатъгардидаи падарашро ба ҳаёти бамаънии худ дар рўи замин идома дода, даври набераву абераҳояшро медид.
– Уф-ф-ф! – гуфт Соро-хола, гўё шушаш канда шуда.
То имрўз ба зан ҳолаш чӣ рўзҳои сахтро аз сар гузаронд ў! Солҳое ки шавҳараш Шермалик зинда буд, ҳар оина нони хўрдан доштанд, ба либосҳои дарида ё пойлуч ҳам намегаштанд. Лекин баъд... Эҳ, осон набудааст кори дунё.
Вай ба раҳматӣ Шермалик дар ҳаждаҳсолагӣ ба як болин сар монд.

пешина
аз 551
навбатӣ