Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Аввал ҳаминро бардорем...
– Зиёд намешавад? Дар ин муддат қариб фаромўш кардаам нўшиданро.
– Ман имрўз ба ёдат меорам. Ҳоло боз мегирем.
– Чӣ, пулат бисёр?
– Медонистӣ, ки ман ҳеҷ гоҳ бепул набудам.
– Рост, ту роҳу равиши зиндагиро ёфтӣ. Аммо ман...
– Ҳар кас аз тақдираш донад.
– ...панҷ сол боз бекорам.
– Кӣ дасту поятро бастааст, – кор кун.
– Дар куҷо? Дар кадом завод ё фабрика? Дар кадом сохтмон? Агар пул медиҳанд, ман ҳоло тайёрам бе қилу қол ҳатто ахлот кашам.
– Сад бор ба ту гўлак гуфтам, ки инро ба он зада, мисли ман дар бозор шин; ҳар чӣ меёбӣ, аз бозор меёбӣ.
– Наметавонам, аз дастам намеояд.
– Пас нолиш накун.
– Ман нолиш накардаам, дар омади гап буд. Чӣ илоҷ, аз қисмат бояд донист, – дар бадали ин солҳо ба ман одат шудааст мардикорӣ.
– Биё, ҳаминро гирем.
– Кайфам баланд шавад, ба чунин пои ланг чӣ хел хона меравам?
– Ман худам бурда мемонам.
– Хайр...
Онҳо нўшиданд.
Сиёҳчарда аз кисааш як қуттӣ сигарета бароварда, болои миз гузошт.
– Агар мехоҳӣ, каш.
– Мекашам, – гуфт Миёнақад. – Вақте ки муфт аст, чаро накашам?
– Ош шавад!
Инак онҳо хомўш сигарета мекашиданд. Радио хир-хир гап мезад. Бодбезак фир-фир мекард. Майфурўш ба се нафар пиракӣ шароб мерехт. Он як марду ду зан, ки то ҳол дар бари пештахта меистоданд, ҳар кадом дар даст стаканҳои пур, омада дар қариби Сиёҳчардаву Миёнақад, дар атрофи мизи дигар нишастанд. Ба ҳам сўҳбат доштанд онҳо, хушҳол буданд.

пешина
аз 551
навбатӣ