Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳама қаҳрамон, ҳама ҷанговар.
– Хайр, ин гапҳоро як тараф мону дастатро нишон деҳ.
Ку аз сари нав бинам.
– Даҳ бор дидӣ...
– Ба дидан... албатта дидам. Лекин хаёлам, ки чашмам гирифтан баробар ҳама чизро фаромўш кардам. Дилам вайрон шуд. Гапат ба гўшам намедаромад.
– Ё баръакс парво надоштӣ?
– Наход аз аҳволи рафиқи худ бепарво бошам? Ман ҳам, охир, одам-ку! Ба ростӣ, он захмро дидан пас тамоман гаранг шудам. Ҳатто аз ғояти ҳаяҷон қариб гиряам омада, сарам чарх зад. Наафтидаму бас.
– Бисёр азоб кашидам, ошно. Дасту поям шабу рўз дард мекарданд. Намедонистам, ки гудози кадомаш бештар. Баъзан то саҳар мижа таҳ карда наметавонистам.
– Ба духтур нишон надодӣ?
– Аҷаб гапҳо мезанӣ! Ту чӣ, аз дигар оламӣ?
– Яъне...
– Дар ин замона касе ки ба нони хўрдан пул намеёбад, оё метавонад пеши духтур равад?
– Лекин гапат рост.
– Беморхона давлатӣ бошад ҳам, табибон доллар талаб мекунанд. Ҳатто рубл не, доллар! Аз як шиноси ман барои ҷарроҳӣ чорсадта ситонданд.
– Чорсад! – дар ҳайрат дуру дароз ҳуштак кашид Сиёҳчарда. – Мешунидаму то ба ин дараҷа буданашро пок намедонистам.
– Нағз, ки вай занак ду писари баоқибат дорад, – гуфт Миёнақад, – хешу табор дорад. Онҳо сарҷамъ омада, ёфта доданд. Ман барин тани танҳо бошад, чӣ мешуд? Бар ҳадар мурда мерафт. Мегўянд, ки ҷонат ба лаб ояд ҳам, то пул надиҳӣ, ҳатто сўзандору намегузаронанд.
– Рўзи сахт. Дар ин аҳвол то куҷо мерасем?
– Хулоса, бисту ҳашт рўз аз хона набаромадам. Баромада ҳам наметавонистам. Пой мондан як азоби алим буд. Бар падарашон раҳмат, аз обу нонам ба қадри ҳол ҳамсояҳо хабар мегирифтанд.

пешина
аз 551
навбатӣ